,
Якшанбе, 08-декабр
Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишони олии ҳувият, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии Тоҷикистон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон
Пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвари маҳбубамон- Тоҷикистони азиз, равобити илмию фарҳангӣ ва иқтисодию сиёсӣ бо ҷомеаи ҷаҳон ва ҳамкориҳои байналмилалӣ бо мамлакатҳои гуногуни олам маҷрои нав пайдо карда, андешаи миллии мардум дар заминаи асолати таърихӣ, арзишҳои маънавӣ, мероси фарҳангӣ рушди фарогир ва беқиёс ёфт. Дар партави сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ халқи тоҷик дар ҷаҳон дубора ҳамчун миллати баору номус, илмдӯсту фарҳангпарвар ва тамаддунофар шинохта ва эътироф гардид.
Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик дастоварди бебаҳо ва ниҳоят муҳиму нодиртарин рӯйдоди сарнавиштсоз маҳсуб меёбад.
Истиқлолияти миллӣ барои рушду нумуи Тоҷикистони озоду рӯ ба тараққӣ ниҳода, гардиши куллӣ ба миён овард ва марҳилаи сифатан нави таърихиро роҳандозӣ ва амалӣ намуд. Ин падидаи нави таърихӣ ба беҳтаргардӣ ва ба маротиб болоравии сатҳу сифати зиндагии мардуми меҳнатдӯсту бофарҳанги мо гардид. Маҳз Истиқлолият буд, ки тоҷикон ва тоҷикистониён ба ҳаёти озоду осоишта мушарраф гардида, ҳаёти осудаву оромонаро пушти сар карда истодаанд.
Истиқлолияти давлатӣ неъмати бузург ва бебаҳост барои миллати тоҷик ва ҳифзу побарҷо нигоҳ доштани он вазифаи ҳар як сокини солимақли кишварамон маҳсуб меёбад.
Дар роҳи расидан ба қадри ин неъмати бебаҳо ва ҳифзи дастоварду нишондодҳои он иҷрои вазифаву омилҳои зиёд дар назди ҷомеаи фарҳангӣ меистад ва номгӯи зер аз зумраи онҳо хоҳад буд:
Имрӯзҳо шароити мураккабу ниҳоят печдарпечи ҷаҳони муосир аҳли башарро дар ташвиш гузоштааст ва шаҳодати ин гуфтаҳо воқеаҳои фоҷиавии як қатор кишварҳои дунёи кунунӣ, бахусус, мамлакатҳои Шарқ маҳсуб меёбанд. Мо, сокинони Тоҷикистони озод вазифадорем, ки тавассути сарҷамъию якдилӣ ва ғолиб омадани ақли солиму гирду ҷаҳди ватандӯстонаи ҳар як фарди бедор-истиқлолияти Ватани азизамонро аз ҳангомаҷӯёну дасисабозон ва нотавонбинону бадгӯёни душманони хориҷиамон ҳимоя намоем ва нагузорем, ки ба киштзори мо хуке сар халонад.
Ҳифзу нигаҳбонӣ ва рушду абадияти истиқлолияти ба мо мушаррафгардида вазифаи аввалиндараҷаи ҳар яки мост. Ҳамчунин, ҷаҳд бар он намоем, ки давлати соҳибихтиёру рӯ ба шукуфоӣ овардаамонро пешрафта гардонем ва дар қатори ба давлатҳои абарқудрат ҷойгузин шудани он ҳиссагузор бошем.
Тавассути расонаҳои хабарӣ огаҳем, ки як қатор мамлакатҳои олам ба зулму асорат ва таҳдиду хатарҳои нав гирифтор гаштаанд. Албатта, дар ин беадолатию поймол кардани ҳуқуқҳои инсонии ин кишварҳо рушду ривоҷ ёфтану вусъат гирифтани фаъолияти гурӯҳҳои экстремистию террористӣ боис мегардад. Гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, бешубҳа, амнияту оромии кишварҳоро халалдор карда, ҳатто оромию осудагии як қатор давлатҳоро аз байн бурда, ҳуқуқҳои онҳоро ба пуррагӣ поймол кардаанд ва поймол карда истодаанд.
Аз ин лиҳоз, нигоҳ доштани оромии кишвар, рушду нумуи он, тақвият додани дӯстии байни миллатҳои сарзаминамон ва дигар мамолики озодихоҳ, тақвияти ваҳдату ҳамдигарфаҳмии аҳли сокинони Тоҷикистони азиз ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як сокини баору номуси ватанамон мебошад.
Гузашта аз ин, он дастовардҳое, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба даст овардем, дар ягон аср ба ин гуна комёбиҳо ноил нагардида будем. Муваффақияту дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ беқиёсу бешуморанд ва ин ҳама сарбаландиҳо ва шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтани Тоҷикистони азизамон, албатта, тавассути ҷидду ҷаҳд ва саъю кушишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо насиб гаштааст.
Бо иқдому ташаббус ва маслиҳату машваратҳои Сарвари кишвари Тоҷикистони соҳибистиқлоламон дар як муддати хеле кӯтоҳи таърихӣ, ки ин адад дар солшумории таърих ҳеҷ аст, ба дастовардҳои беназири сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардида, дар арсаи байналмилалӣ шуҳрати хосса пайдо намуд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ тавассути сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ миллати тоҷикро ҷаҳониён ҳамчун миллати таърихи қадимидошта ва тамаддунофар шинохтанду эътироф намуданд.
Марбут ба ин масъала Пешвои муаззами миллат ҳанӯз соли 2005 дар Паёми хеш оварда буданд: «Мо имрӯз ифтихор дорем, ки тоҷикон аз ҷумлаи қадимтарин миллатҳои ҷаҳон буда, бо осори гаронбаҳои моддӣ ва маънавии худ барои пешрафти фарҳанг ва маънавиёти халқҳои дигар хизмати шоиста кардаанд. Бо ибораи, дигар тоҷикон маҳз аз файзу баракати ҳамин арзишҳову анъанаҳои аҷдодӣ тавонистанд, ки ҳам ҳастии худро нигоҳ доранд ва ҳам дар минтақаи Осиё нақши тамаддунсозиро бозида, дар радифи қадимтарин миллатҳои дунё ҷой гиранд ва худро дар оламиён ҳамчун миллати фарҳангӣ муаррифӣ намояд».
Ҳифзи истиқлолияти миллӣ вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди кишварамон бояд бошад. Чунин мамлакати озоду соҳибҳуқуқу соҳибистиқлолро ҷаҳониён ёд надоранд. Хоҳони онем, ки хуршеди Истиқлоли давлатӣ дар сарзамини тозабунёди мо абадӣ нурпошӣ намояд ва хонаи ҳар як сокини онро мунаввар гардонад.
Абдуҷаббори Сафаралӣ - ҷонишини декан оид ба таълими факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ