,
Якшанбе, 22-декабр
(Ба истиқболи 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ду боли тавоное ҳастанд, ки Тоҷикистонро ба парвозҳои баланд ҳидоят менамоянд. Воқеан Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 33-сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин рӯйдоди фараҳбахш 9 сентябри соли 1991 расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб мешавад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар давраи ба сари ҳокимият омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта бо сабаби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Истиқлолияти давлати ҷавони Тоҷикистон зери хатар қарор дошт. Маҳз бо иродаи сиёсӣ ва қаҳрамонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷанг дар кишвар хомӯш гашт, Истиқлолияти давлатӣ ҳифз гардид ва бинои давлатдории миллӣ шакл гирифт.
Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Дарки маънои сиёсии Истиқлолият мафҳуми хеле васеъ мебошад. Дар маънои умум, моҳияту мазмуни истиқлолият дар тамоми муборизаи тулонии ин ё он халқу миллат барои ба даст овардани озодӣ, барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, соҳиб гардидан ба худшиносӣ, ташаккули ҳиссиёти миллӣ, устувор гардонидани ваҳдат, таъмини амнияти мардум ва сулҳу осоиштагиро дар мамлакат ифода менамояд. Аз ин рӯ истиқлол нишони ҳувият, ифтихор, номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллат мебошад. Истиқлоли давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар комёбиҳои беназир ба даст оварда шаванд. Дар баробари ин, истиқлол дар назди миллати тоҷик рисолати бузургеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Дар моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми «соҳибихтиёрӣ» истифода бурда шудааст ва маҳз соҳибихтиёрӣ ин пурра ифодагари истиқлолияти давлатист: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд». Ин интихоби мардуми Тоҷикистон буда, маҳз демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани давлати мо нишонаи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти мост.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти барӯманд тавонист ҷойгоҳи шоистае ва таърихиеро дар ҷаҳони муосир ва арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф менамояд, ки ташаббусҳои байналмилалии Сарвари давлати Тоҷикистон дар асри ХХI барои аҳли башар ва таъмини ҳаёти арзандаи инсоният хидмат мекунанд. Чунончи, то кунун ташаббуси ҷониби Тоҷикистон, аз ҷумла соли 2003 - Соли байналмилалии «Оби тоза», солҳои 2005 - 2015 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, соли 2013 - Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи гарм пайдо намудааст.
Бо самараи неки истиқлол имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ бузургтарин дастоварди мо дар даврони Истиқлолият, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк мекунанд, ки истиқлолият ва озодӣ арзиши бисёр бебаҳо дар ҳаёти ҳар як шахси бонангу баори Ватан мебошад. Дар масири истиқлолият дастовардҳои бузург хеле зиёданд, вале муҳимаш он аст, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид пазируфта шудани он ва баромади нахустини Роҳбари давлати тоҷикон – Пешвои миллат аз минбари ин созмон аст. Бинобар ин, мо бояд ҳамеша аз истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ормонии миллати тоҷик мебошанд, шукрона карда, онро чун арзиши бебаҳо ҳифз намоем.
Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумӯи кишвар беназиранд. Тавре мушоҳида менамоем дар замони истиқлолият бо ташаббуси Пешвои миллат ташкил намудани конференсия ва симпозиумҳо бахшида ба чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ ва гиромидошти таърих ва фарҳанги миллат ва бузургдошти адибону донишмандони миллат Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Румӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Имоми Аъзам ва таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардида, доир ба ҷашнвораҳо як қатор асарҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ нашр гардиданд.
Ҳамин тавр соҳибихтиёрӣ, истиқлолталабӣ арзиши олӣ барои ҳамаи инсонҳо, халқҳо, миллату давлатҳо мебошад ва барои ба даст овардани ин мақом дар тули асрҳои гуногун мардуми миллатҳои гуногун миллионҳо нафар муборизаҳо бурдаанд, то ин ки истиқлолияти комили худро ба даст оваранд. Дар шароити кунунӣ таҳкими истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Воқеаҳои пурошӯби охирҳои асри гузашта моро водор мекунад, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон, рӯ ба тараққӣ ниҳодани иқтисодиёт, саноатикунонии кишвар ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем.
Мазарифов Манучеҳр - дотсент, декани факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Файзов Рамазон - доктори фалсафа (PhD), аз рӯйи ихтисоси сиёсатшиносӣ, муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ