,
Душанбе, 09-декабр
Ифтихор ва шарафи бузург аст, ки дар кишвари соҳибистиқлоламон ҳамасола 1-уми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳ ва шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Зеро Рӯзи дониш дар ҷомеаи мо аҳаммияти бузурги маънавӣ дошта, оғози соли нави таҳсил ва рамзи саъйю кӯшиш дар роҳи донишандӯзӣ ҷиҳати таҳкими пояҳои давлату давлатдорӣ ва ободу зебо гардонидани мамлакати азизамон бо роҳи касби илму маърифат мебошад. Аз ин рӯ, ин рӯз ҳамчун санаи гиромидошти маърифату маънавиёт таҷлил мегардад, ки ин аз ғамхориву таваҷҷуҳи доимиву хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф далолат мекунад.
Ин рӯз на танҳо рӯзи оғози соли нави хониш, балки рӯзи омӯзиши нақши сулҳ ва аҳамияти он барои ҳаёти инсонӣ низ мебошад. Омӯзгорон ҳамчун раҳнамои равшанфикрон, хонандагонро ба роҳи сулҳ ҳидоят мекунанд. Ба ин восита, Дарси сулҳ на танҳо як дарс, балки сабақи зиндагӣ мебошад, ки дар руҳияи ҳар як хонанда нақши муҳимми ахлоқи ҳамидаро бедор мекунад.
Ҳамагон шоҳиди он будем, ки Пешвои миллат Дарси сулҳро бо суханронии пурмуҳтаво оғоз намуда, дар зимн вазифагузориҳои мушаххасро барои рушд ва пешрафти соҳа дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир, нақши сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро дар рушди давлатдории миллӣ муҳим арзёбӣ намуда, таваҷҷуҳи илму мактаб, оила ва ҷомеаро барои гиромидошти илму дониш ва маърифату худшиносии миллӣ ҷалб намуда, такид доштанд, ки “Мо бояд ба хотири фардои ободии давлат ва ҷомеа сидқан ба илму маориф рӯ оварем”.
Воқеан, суханронии пурмуҳтаво ва вазифагузориҳои мушаххаси Пешвои маҳбуби миллат роҳнамо ва дастурест, ки ҳар як омӯзгор ва аҳли илму маорифи кишварро барои расидан ба ҳадафу мақсадҳои созанда роҳнамун месозад. Дастур ва роҳнамоест, ки ҳар як омӯзгор ҷиҳати муваффақшавӣ дар роҳи иҷрои касби пурмасъулият ва уҳдадориҳои вазифавӣ ба таври васеъ истифода намояд.
Ҳамзамон, муҳтарам Пешвои миллат иброз намуданд, ки: “Дар таълиму тарбия фарзанд натанҳо омӯзгорон, балки падару модар низ вазифадор мебошад, набояд таълиму тарбияи фарзандро танҳо ба зимаи омӯзгор вогузор намуд”. Дар ин масъала ба падару модарон рӯ оварда таъкид доштанд, ки “Фарзандон назди мо амонатанд, онҳо ояндаи мову шумо ва соҳибони фардои давлату миллат мебошанд, аз ин рӯ фарзандонро аз илму маориф дур насозед”. Ин ҳидоятҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат барои ояндаи дурахшони насли наврасу ҷавонон аҳаммияти бузург дорад.
Маҳбубияти аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ва аҳли илму маорифу фарҳанг дар хусуси қадру қиммат ва манзалати омӯзгор дар паёмҳои пайвастаи Роҳбари муаззами миллат, билхоса суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш боз ҳам зиёдтар мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли илму маориф таваҷҷуҳи пайваста ва эҳтироми хос зоҳир намуда, иброз доштанд, ки “Ҷомеа бояд дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор ин эҳтиром ба миллат аст”.
Дар масъалаи сифати таълиму тарбия низ суханони Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти калонро доро мебошад, чунки омода намудани кадрҳои баландихтисос ва тарбияи ҷавонони соҳибмаърифату ватандӯст ва сатҳу сифати таълиму тарбия аз муассисаҳои таълимӣ вобастагии зиёд доранд.
Пешвои миллат ҳамасола дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ атрофи беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи ҷавонон пешниҳоду вазифаҳои мушаххас ба миён мегузоранд. Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа Пешвои муаззами миллат иброз намуданд: “Мо вазифадор ҳастем, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимиро боз ҳам бештар дастгирӣ кунем ва манзалату обрӯи онҳоро дар ҷомеа баланд бардорем”. Дар ин робита Президенти мамлакат ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки дар давоми шаш моҳ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” таҳия ва ба Ҳукмати мамлакат пешниҳод карда шавад. Ин иқдоми шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боло бурдани мақому манзалати омӯзгор ва дар руҳияи инсондӯстӣ тарбият намудани муҳассилин шоистаи таҳсину офарин мебошад.
Бад-ин васила метавон чунин хулоса намуд, ки рушди соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба он афзалият дода мешавад. Чунинчи дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар қаламрави кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3700 бинои муассисаҳои таълимӣ барои беш аз якуним миллион хонанда сохта мавриди истифода қарор дода шуда, ин раванд бомаром ҷараён дорад.
Воқеан ҳам, баргузории Дарси сулҳ дар Рӯзи дониш аз ҳар ҷиҳат ба мафкураи наврасону ҷавонони мо таъсири мусбат расонида, онҳоро дар рӯҳияи гиромидошт ва омӯзиши илму дониш ва фарҳангу маърифат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбияву раҳнамоӣ менамояд. Маҳз ин омил, ба ташаккули зеҳнияти насли наврасу ҷавон мусоидат менамояд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки иқдоми наҷиб ва шоистаи таҳсини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз қабили роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявї, ба монанди «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба хотири боз ҳам тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии ҷавонон равона гардидааст. Дар ин радиф бо дастури Пешвои миллат “ба хотири худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ, тарбияву раҳнамоӣ насли наврас, озмуни «Шоҳномахонӣ» ба роҳ монда мешавад. Ин тадбир аз зумраи тадбирҳои хирадмандонаву маърифатпарваронаи Президенти хирадрою адабпарвари кишавари маҳбубамон мебошад.
Дар баробари дигар супоришу роҳнамоиҳояшон Президенти кишвар бори дигар ба масъалаи забономӯзии ҷавонон аҳамияти хосса дода, омӯзиши забонҳои хориҷиро бисёр муҳим ва зарурӣ шумориданд. Дар ҳамин асос супориш доданд, ки барои боз ҳам ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷумла русӣ, англисӣ ва дигар забонҳо шабакаи телевизиони омӯзишии забонҳои хориҷӣ таъсис дода шавад.
Ҳамин тариқ, дар таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бори дигар исбот гардид, ки Раҳбари муаззами миллат, Пешвои азизи мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дастгир ва сарпарасти бевоситаи соҳаи илму маориф, насли имрӯза ва ояндаи Тоҷикистон дар роҳи касби илму дониш, забономӯзӣ, дӯст доштани Ватану миллат, ифтихор аз расму оинҳои миллӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ба гузаштагони пурифтихори мо, таълиму тарбия мебошанд ва барои мо ва кулли ҷомеи кишвар ҳамчун роҳнамои беғараз ва роҳнамои некбину хушназар, роҳбаи оқилу маърифатафзо намунаи ибрат мебошанд.
Алишери Абдулмаҷид- номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ