, Душанбе, 09-декабр

НИЁГОНИ ТОҶИК–ВАССОФИ ИЛМУ ДОНИШ

 02.09.2024 204

НИЁГОНИ ТОҶИК–ВАССОФИ ИЛМУ ДОНИШ

Ниёгони тоҷик, пеш аз ҳама, дар мисолҳои васфи илму дониш, хирад, таҷрибаи рӯзгор, ифодаи худро ёфтаанд. Дар таълифоту эҷодиёти худ ба масъалаи тарбияи инсони меҳнатқарин, донандаи соҳаҳои илм, ба ташаккули шахсияти ҳаматарафа инкишофёфта аҳамияти зиёд додаанд. Ба ақидаи онҳо барои хуб кор кардан ва маҳсулоти хушсифат бароварда тавонистан инсон бояд дониши мукаммал дошта бошад, асосҳои илмии касби худро нағз донад.

Илм қувваи асосии ҳаракатдиҳандаи ҷамъият, кафили боэътимоди шукуфоии мамлакат ва некӯаҳволии инсон мебошад. Маҳз аз ҳамин сабаб ниёгони тоҷик дар ашъори худ аҳамияти илмро ба таври махсус қайд мекунанд, онро дар мадди аввал мегузоранд, дар ҳаёти ҳар як инсон ва ҷамъият нақши ҳалкунанда доштани илмро таъкид менамоянд ва аз ин лиҳоз дар шеърҳояшон на фақат ҳамчун вассофи илму дониш, балки ҳамчун тарғиботчии бузурги ғояҳои асосии оини илму дониш баромад мекунанд.

Дар миёни мутафаккирони барҷаста, Камолиддини Биноӣ дар ашъори худ ба васфи илм диққати зиёд додааст. Ӯ дар баҳои умумии худ ба илм ҳарчанд бо шоирони пешин ҳамфикр бошад ҳам, вале дар айни замон баъзе махсусиятҳои худро низ дорад. Ин фарқият пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки Биноӣ ба мисли шоирони гузашта ҷавононро нафақат ба омӯхтани илм давъат мекунад, балки дар айни замон се шарти асосиро мушаххас нишон медиҳад, ки риояи онҳо инсонро ба одамият даъват менамояд:

- Шарти аввал-аҳамияти илму дониш дар ҳаёти инсон;

-шарти дуюм-шароитҳои ба дастоварии илму дониш;

- шарти сеюм-алоқаи илму дониш бо фаъолияти амалии инсон.

Дар тасвири шарти аввал Биноӣ таъкид менамояд, ки маърифати инсон танҳо ба шарофати илму дониш кашф мегардад. "Илму дониш, мегӯяд шоир, заҳри одамро шуста, барои аз ҷаҳолат, нодонӣ халос шудан ёрӣ мерасонад. Ба қавли Биноӣ маҳорати сухангӯӣ низ аз илму дониш вобаста аст. Илму дониш ба ақидаи ӯ нафақат калиди одамият, балки чашмаи хушкнашавандаи инсонӣ мебошад. Адиб низ ба монанди шоирони пешин дар бораи илму дониш, дар бораи касб сухан ронда, таъкид менамояд:

Эй бародар ба касби илм гарой

Пой бар ҷаҳд неҳ, ба илм дарой!

Маърифат ҷуз ба илм натвон ёфт,

В-ин сифат ҷуз ба илм натвон ёфт.

Боди заҳри ҳаёт омад илм,

Нурбахши наҷот омад илм.

Ҳам забонро фасоҳат аз илм аст,

Ҳам баёнро малоҳат аз илм аст...

Фотеҳи боби одамӣ илм аст,

Чашмаи оби зиндагӣ илм аст.

Илм дар тасаввури Биноӣ боигарии одам, номи ҳамешазиндаи ӯст. Боқӣ ҳама обест дар сабад, ҳамин ки бардоштӣ дар он чизеро намебинӣ:

Ҳаст илм, он чи боқии абад аст,

Ҳарчи ҷуз илм, об дар сабад аст.

Биноӣ дар тавсифи илм миёни илмҳои динӣ ва дунявӣ фарқиятеро намебинад. Ӯ таъкид мекунад, ки миёни илмҳо фарқиятҳои иҷтимоӣ набояд бошанд. Илм ба ҳама табақаҳои ҷамъият баробар хизмат мекунад:

Бо бузурге, ки илм ёр шавад,

Дар бузургӣ яке ҳазор шавад,

В-аз раҳи илм ҳар фурӯмоя

По ниҳад бар баландии поя.

Биноӣ дар айни замон таъкид мекунад, ки ба даст овардани илм чандон осон нест. Барои ин инсон бояд душвориҳо, маҳрумиятҳоро аз сар гузаронад, монда нашуда меҳнат кунад, дар роҳи ба даст овардани он устувор бошад. Ба ақидаи Биноӣ одам то охири умраш бояд дар ҷустуҷӯи илм ва дониш бошад:

То бувад ҷон даруни тан, зинҳор,

Зи иктисоби улум даст мадор!

Ба тани хастаю ба мӯи сафед,

3-иктисоби фунун машав навмед!

Пирию заъфро баҳона масоз,

Бош дар касби илм дар такутоз!

То ба он дам, ки барнаёмад ҷон,

Тарки касби камол ҳаст зиён.

Биноӣ дар таълимоти педагогии худ шаш шарту шароити асосии ба даст овардани илму донишро нишон медиҳад. Шарти аввал талаб ва кӯшиш. Шоир қайд мекунад, ки илм худқурбониро металабад. Одаме, ки роҳи илму донишро интихоб намудааст, бояд бо комёбиҳои ба дастовардааш маҳдуд нашуда, шабу рӯз дам нагирифта меҳнат кунад, дониши худро дар касбу ҳунараш мунтазам такмил диҳад:

Ҷаҳду ҷид карда дар талаб будӣ,

 Аз талаб лаҳзае наёсудӣ.

Буд пайваста з-иктисоби фунун,

Мутараддид ба сони аҳли ҷунун.

Рӯзҳояш ҳавои роҳат не,

Шаб таманнои истироҳат не,

Рӯз дар саъйи донишомӯзӣ,

Шаб дар савдои донишандӯзӣ.

Дар паи дарки илму касбу ҳунар,

Ҳамчу оби равон давид ба сар.

Шарти дуюми илму донишандӯзӣ мувофиқи таълимоти Биноӣ вақт мебошад. Дар ин ҷо шоир диққати асосии худро ба зарурати истифодаи дурусти вақт равона кардааст. Дар ин масъала Биноӣ худро пайрави Ҷомӣ медонад ва таъкид менамояд, ки Абдураҳмони Ҷомӣ маҳз ба шарофати мақсаднок истифода кардани вақт ба ин дараҷаи баланди ҳаётдонӣ расидааст. Биноӣ дар мисоли қаҳрамони асараш Беҳрӯз, ки дар роҳи илму дониш аз ҳамаи имкониятҳо истифода мекард, масъалаҳои намедонистагиашро шарм накарда аз хурду калон мепурсид, ҷавононро даъват менамояд, ки дар ҷустуҷӯи илму дониш пайрави Беҳрӯз бошанд:

Ғайри касби камол кор надошт,

Талаб аз ҳар ки буд ор надошт.

Шарти сеюми илму донишандӯзӣ мувофиқи нишондоди Биноӣ ҳиммат мебошад. Шоир қайд мекунад, ки майдони илму дониш бе канор аст, ба камтарин нафарон муяссар мегардад, ки ба қуллаҳои баланди он бароянд. Аз ин рӯ Биноӣ талаб мекунад, ки инсон дар роҳи илму дониш бояд ҳимматбаланд бошад:

Ҳиммати худ баланд дор, эй дил!

То шавад комат андаке ҳосил.

К-он дар ин пардаи сиёҳу сафед,

Кам расад кас ба мунтаҳои умед.

Шарти чаҳоруме, ки Биноӣ пешниҳод кардааст, даст кашидан аз коҳилӣ мебошад. Шоир ҳамаи онҳое, ки коҳилиро шиори зиндагии худ кардаанд, ба ҳайвон монанд мекунад. Коҳилӣ, танбалӣ, - ба ақидаи Биноӣ, инсонро ба бесаводӣ ва нодонӣ меоварад:

Ҳар ки шуд коҳилӣ шиор ӯро,

Ба саодат дигар чӣ кор ӯро.

Коҳил, албатта, мешавад ҷоҳил,

Бесаодат касе, ки шуд коҳил.

Гарчи коҳил бувад зи насли киром,

Номи ӯ неҳ ба ҳиматул-ан-ъом.

Шарти панҷуми илму донишандӯзӣ, ба қавли Биноӣ, ҳурмати илму устоду китоб аст. Ҳар касе, ки онро риоя накунад, ба мақсад нахоҳад расид:

Ҳурмати илму устоду китоб,

Лозими ин роҳ аст аз ҳама боб.

Ҳар к-ӯ тарки ин се ҳурмат кард,

Азми идбору майли зиллат кард.

Пой аз ҳурмат он касе, ки кашид,

Андар ин роҳ ба ҳеҷ ҷо нарасид.

Шарти шашуми илмомӯзӣ, аз диди адиб, ҳалолкорист. Шарти мазкур ба муқобили онҳое равона карда шудааст, ки дар илм ба ҳаромкорӣ роҳ медоданд, ришвахӯрӣ мекарданд. Ба ақидаи шоир илм ва ҳаромкорӣ ин ду мафҳуми ба ҳам зид мебошанд. Илм танҳо одамони софдилу ҳалолкорро металабад:

Илмро бо ҳаромхора чӣ кор?

Шишаро дар миёни хора чӣ кор?

Файзи илм аз ҳаром натвон ҷуст.

Гул зи хору хасак нахоҳад руст.

Ботине соф чун садаф бояд,

То дурри илм аз ӯ ба каф ояд.

Дар афкори педагогии Биноӣ дар бораи нақши илму дониш дар ҳаёти инсон, ҷамъият, алоқаи илм бо амал, бо фаъолияти меҳнатии инсон мавқеи устуворро ишғол мекунад. Дар маънидодкунии ин ҷиҳати илму дониш шоир давомдиҳандаи пешгузаштагони худ мебошад. Онҳо қимати худро имрӯзҳо низ гум накардаанд:

Чун бувад илм бе амал на накӯст,

Ки ғараз аз шукуфа меваи ӯст.

Ё ки:

Хуш бувад илм бо амал пайваст,

Ки садо бар нахезад аз як даст.

Ҷойи дигар:

Олиме к-ӯ амал намедонад,

Рост бо мори ганҷ мемонад.

Ки занад печу тоб бар сари ганҷ.

Ҳосилаш не зи ганҷ, ғайр аз ранҷ.

Олиме к-аш амал набошад ёр,

Хар бувад к-аш китобаш бор.

Олими бе амал ба қавли кибор,

Ҳаст монанди кӯри машъалдор,

Гар диҳад роҳи дигаронро нур,

Худ бувад гомзан ба дидаи кӯр,

Карда равшан барои мардум роҳ

Худ ба торикӣ омада гумроҳ.

Дар охири насиҳатҳояш Биноӣ бори дигар ҷавононро даъват менамояд, ки илми худро аз амал ҷудо накунанд, зеро илми бе амал қимат надорад:

Илми худро макун ҷудо зи амал!

Ки бувад корсоз илму амал.

Илм агар бо амал нагардад ёр,

Ҳеҷ чизе зи илм чашм мадор.

Абдусаттор Ғафоров- номзади илмҳои педагогӣ, муаллими калони кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабддуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат