,
Сешанбе, 10-декабр
Ҷараёни таърихи пайдоиш ва рушди миллати тоҷик пур аз сарчашмаҳои таърихӣ-ҳуқуқие мебошанд, ки гувоҳӣ аз мавҷудият ва татбиқи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар саросари ҳудудҳои таърихии он медиҳад. Вобаста ба ин, таърих имконияти дигари таъсиси давлати тозабунёди миллати тоҷикро бо ташаббуси бевоситаи фарзандони бонангу номуси кишвар, қабл аз ҳама Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дод. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ дар баробари дигар проблемаҳои мубрами давлатдорӣ дар кишвар масъалаи танзими сохтори давлатдорӣ ва ҳуқуқии муносибатҳои мухталифи ҷамъиятӣ пеш омад.
Аввалин қадамҳое, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон дар ин самт гузошта шуд, ин қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдтар нахустин санади олии ҳуқуқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Баъд аз қабул ва амали санадҳои мазкур раванди эътирофи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ оғоз шуда, кишвари мо вориди чандин ташкилотҳои хусусияти универсалӣ, минтақавӣ ва байниминтақавӣ гардид.
Бо мақсади танзими муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мувофиқат намудан қабули як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ рӯи кор омад, ки ҳоло ҷараёни бемайлони онҳо идома ёфта истодааст. Вобаста ба ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба проблемаҳои глобалии инсоният таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, дар ҳалли якчанд масъалаҳои он иштирок карда, таклифу пешниҳодоти худро манзур намудааст, ки ҳоло амали онҳоро мушоҳида кардан мумкин аст. Чунин як масъалаи муҳим, ки дар баробари ҷиноятҳои трансмиллӣ, ки ба як проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст, ин савдои одамон ва қурбониёни он мебошанд.
Вазъи кунунӣ дар ин самт дар ҷаҳони имрӯза дар ҳолати ногувор қарор дорад. Барои мисол, агар дар давоми чор асри ғуломдорӣ гардиши савдои одамон аз 12 миллион зиёд нашуда бошад, пас дар давоми 30 соли охир танҳо дар қитъаи Осиё шумораи занону кӯдакон, ки ба асорати шаҳвонӣ фурӯхта шудаанд, ба 30 миллион нафар расидааст. Тибқи маълумоти Департаменти давлатии ИМА, ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 700 ҳазор нафар одамон фурӯхта ва тавассути сарҳадҳои давлатӣ интиқол дода мешавад. Аз рӯи баҳодиҳии созмони ғайриҳукуматии байналмилалии Anti-Slavery International дар ҷаҳон зиёда аз 27 миллион одамон ба таври воқеӣ ғулом мебошанд. Мувофиқи ҳисоботи СММ ҳамасола беш аз 4 миллион нафар одамон дар саросари ҷаҳон барои иҷрои корҳои маҷбурӣ аз сарҳадоти кишварҳои дигар гузаронида шуда, ин фаъолият ба синдикатҳои ҷиноятпеша соле хариду фурӯши одамон баробари хариду фурӯши маводи нашъаовар ва яроқ барои гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор фаъолияти бештар даромаднок ва нисбатан бехавф маҳсуб меёбад.
Дар кишвари мо бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тамоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар ин самт қабул шуда, мавриди амал қарор доранд, аз ҷумла Тоҷикистон ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак, ки бо қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 20 ноябри соли 1989 қабул гардидааст, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон ва истисмори онҳо барои фоҳишагарӣ аз тарафи шахсони сеюм аз 2 декабри соли 1949, Протоколи факултативии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак, ки бо иштироки кӯдакон дар муноқишаҳои мусаллаҳона бахшида шудааст, Протоколи факултативии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак марбут ба савдои кӯдакон, фоҳишагарии кӯдакон ва порнографияи кӯдакона ва Конвенсияи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ) «Дар бораи манъ намудан ва тадбирҳои фаврӣ оид ба рафъи шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон» аз 13 декабри соли 2000 ҳамроҳ шуд. Ҷиҳати иҷрои талаботи ин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ноболиғон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2001 № 423 Комиссияи миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд. Ҳамчунин аз ҷониби Ҳукумати кишвар Нақшаи миллии фаъолият дар ин самт қабул шуда, мавриди амал қарор дорад.
Бо тасдиқ намудани чунин санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ Тоҷикистон сараввал се иқдоми бунёдиеро амалӣ намуд. Яке аз ин иқдомҳо таҳия ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» ва маротибаи дуюм Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» 26 июли соли 2014 №1096 мебошад.
Иқдоми дуюм он буд, ки Маҷлиси Олии кишвар ба баъзе аз санадҳои меъёрии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти «Протокол оид ба пешгирӣ ва рафъи хариду фурӯши одамон, хусусан занону кӯдакон ва ҷазо барои он» ва «Протоколи зидди воридкунии ғайриқонунии муҳоҷирон тавассути хушкӣ, обӣ ва ҳавоӣ» (илова ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ), ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Маттаҳид аз 15 ноябри соли 2000 қабул шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 29 майи соли 2002 тасдиқ кардааст, тағйиру иловаҳои дахлдор ворид намуд. Чунончӣ, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003, таҳти № 33 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нав- 1301 (Хариду фурӯши одамон) илова карда шуд. Ғайр аз ин, як қатор меъёрҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ низ такмил дода шудаанд, ки онҳо то андозаи муайян ба хариду фурӯши одамон алоқаманданд. Ба ин мисол шуда метавонад- моддаи 339 (Тасарруф ё вайрон кардани ҳуҷҷат, штамп, мӯҳр, қисми 3- агар бо мақсади хариду фурӯши одамон содир шуда бошад) ва моддаи 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мӯҳр ва бланкаҳои қалбакӣ, қисми 3- агар бо мақсади хариду фурӯши одамон содир шуда бошад) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо қисмҳои се бо мазмуни болоӣ ворид карда шуданд.
Иқдоми сеюм ин қабули «Барномаи маҷмӯии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2006-2010» аз 6 майи соли 2006, таҳти № 213 мебошад.
Тибқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии болозикр «Савдои одамон-хариду фурӯши одам ва ё нисбат ба ӯ анҷом додани дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ, ҳамчунин новобаста аз розигии қурбонӣ бо мақсади истисмори ӯ ё бо дигар тарз гирифтани фоидаи ғайриқонунӣ пешниҳод намудан, ҷалб кардан, интиқол, пинҳон кардан, супоридан ё гирифтани одам бо истифодаи маҷбуркунӣ, рабудан, фиреб, сӯиистифода намудани гунаҳгор аз вазъи хизматии худ, сӯиистифода аз боварӣ ё ҳолати оҷизии қурбонии савдои одамон ва ё ришвадиҳӣ ба шахсе, ки қурбонӣ таҳти вобастагии ӯ қарор дорад» ва ё «Қурбонии савдои одамон – шахси воқеии аз савдои одамон зарардида, аз ҷумла ба савдои одамон ҷалбшуда ё дар вазъияти ноилоҷӣ нигоҳдошташаванда, новобаста аз вазъи мурофиавии ӯ, инчунин мавҷуд будан ё набудани розигии ӯ ба пешниҳод намудан, ҷалб кардан, интиқол, пинҳон кардан, супоридан, фурӯш, истисмор ва дигар ҳаракатҳое, ки ба савдои одамон вобастаанд».
Ҷинояти савдои одамон ба ҷамъият хавфнокии махсус дошта, ба ҷиддан поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равон шуда, дорои ҷузъҳои таҳдид нисбат ба амнияти миллӣ ва таҳриби субботу устувории вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии давлат мебошад.
Бо вуҷуди он, ки қонунгузории амалкунанда савдои одамон ва истисмори онҳоро бо таҳдиди татбиқи ҷазои ҷиноятӣ манъ карда, ин кирдорҳоро ҷиноят эътироф намуда бошад, ҳам аз таҷрибаи судӣ ба назар мерасад, ки ҳоло ҳам шахсони алоҳида ба содир кардани ин амалҳои ҷинояткорона ва нанговар даст мезананд. Вобаста ба ин, мақомотҳои ваколатдори ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти хешро дар ин самт пурзур намуда, баҳри пешгирӣ ва муқовимат ба савдои одамон корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонанд.
Бо дарназардошти он, ки тибқи талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ вазифаи субъектҳои давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ менамоянд ба ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат равона гардидааст, мебояд суъбектҳои дигари давлатии амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон фаъолияти худро дар ин самт ҷоннок намоянд ва саҳми худро дар пешгирӣ ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон гузоранд.
Назаров Бахтиёр- сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ