, Сешанбе, 10-декабр

БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД

 24.08.2024 196

БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД

(Соҳиб Табаров дар шинохти профессор Аламхон Кӯчарзода)

 Агар касби муаллимиро интихоб карда бошед, аз сидқи дил ба шогирдон таълиму тарбия диҳед. Агар олими ҳақиқӣ шуданӣ бошед, маҳсул диҳед, эҷод кунед, кашфу ихтироъ кунед, кору осори устодонатонро инкишоф диҳед, дузди илмӣ нашавед, ба адолати илмӣ роҳ диҳед, аз худатон беҳтар шогирдон омода созед, мактабу семинари илмӣ дошта бошед, ҳеҷ гоҳ ба рашку ҳасад роҳ надиҳед...

 (С. Табаров, “Таассуроти ақлу дил”).

Омӯзиши рӯзгор ва осори шахсиятҳои илмию фарҳангӣ, ки ҳастии худро барои пешравии ҷамъият сарф кардаанд, аҳаммияти бузурги таълимӣ ва илмию маърифатӣ дорад. Адабиётшинос ва мунаққиди номдори тоҷик Соҳиб Табаров (1924-2015) аз ҷумлаи чунин шахсиятҳои фарҳехтаю ҷонфидои роҳи илму маърифат буда, бо эҷоди асарҳои арзишманд дар адабиётшиносии тоҷик ҷойгоҳи хосаро касб кардааст.

Фаъолияти эҷодии устод Соҳиб Табаров гуногунҷабҳа буда, асосан се самт – омӯзгорӣ, илмӣ ва мунаққидиро фаро гирифтааст: “Ҳамаи буду бошам, – қайд кардааст С. Табаров, – махсусан касби муаллимӣ (1937) ва касбҳои иловагии илмӣ (1949) ва мунаққидиамро (1947) то охири умрам дӯст доштам ва бо шарофати ҳамаи онҳо ҳар кадомеаш заррае ҳам бошад, ба одамони  миллатам то ба имрӯз таълиме додам”.

Агар саҳифаҳои рӯзгори ин адабиётшинос ва мунаққиди барҷаста бодиққат варақгардон карда шавад, бараъло равшан мегардад, ки умри бобаракат ва ҳастии худро сарфи касбу пешаи интихобкарда ва пешравии Ватани азизаш кардааст.

Устод Соҳиб Табаров дар давоми фаъолияти илмӣ шогирдони зиёде тарбия ва ба камол расонидааст, ки давомдиҳандаи кору пайкори устоди хеш гаштаанд. Узви вобастаи АМИТ, профессор Аламхон Кӯчарзода, ки дар ҷомеаи илмии мо, пеш аз ҳама, чун матншиноси соҳибмактаб шинохта мешавад, шогирд ва тарбиятдидаи Соҳиб Табаров мебошад. А. Кӯчарзода ҳанӯз аз айёми донишҷӯӣ бо истеъдод ва маҳорати баланди илмию эҷодӣ ва ахлоқи волои инсонӣ таваҷҷуҳи устодони суханро ба худ ҷалб намуда буд. Баъдҳо бо ғамхории падарона ва ҳидояти С. Табаров роҳи ояндаи ӯ дар ҷодаи илм равшан мегардад. Аз ҷумла, соли 1978 бо роҳнамоии ин олими серталабу дақиқнигор дар мавзуи “Тадқиқи текстологии “Одина”-и Садриддин Айнӣ” рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, то вопасин лаҳзаҳои умри С. Табаров рисолати шогирдиашро сарбаландона ба ҷо овардааст, ки инро мо аз қайдҳои худи С. Табаров мушоҳида мекунем.

Басо ҷолиб аст, ки Соҳиб Табаров дар аксари маврид аз Аламхон Кӯчарзода бо унвонҳои “шогирди ғамхорам”, “Кӯчаров Аламхони меҳрубон”, “ғамхори давраи пириамон ва мададгорам” ном бурдааст, ки ба андешаи мо, намунаи олии муносибат ва эҳтироми устоду шогирд маҳсуб меёбад. Устод С. Табаров дар яке аз мусоҳибаҳояш дар хусуси мактаби илмии худ сухан ронда, чунин қайд кардааст: “Солҳои сол дар дорулфунун курси матншиносиро дар гурӯҳи адабиёти Шуравӣ мехондам, қайд кардааст, – С. Табаров. – Яке аз масъалаҳои омӯзишу тадқиқаш муҳим масъалаи масъалаи матншиносии адабиёти муосир буд ва ҳозир ман хурсандам, ки яке аз мутахассисони ҳамин соҳа, шогирди камина доктори илми филология Аламхон Кӯчаров шуд”.

Аламхон Кӯчарзода низ дар навбати худ бо арзи эҳтиром якчанд мақолаҳои илмию оммавӣ оид ба С. Табаров рӯйи чоп овардааст. Ва ба истиқболи 90-солагии адабиётшинос соли 2014 китобе бо номи “Муҳаққиқи соҳибмактаб” таълиф намуд. Китоби мазкур пурра ба ҳаёт ва фаъолияти С. Табаров бахшида шуда, баррасӣ ва хулосабарориҳои муаллиф басо ҷолиб ва барои хонандагон шавқовару ибратомӯз мебошад.

Соли 2024 дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 декабри соли 2023, № АП-470 дар кишвар 100-солагии адабиётшиноси маъруфи тоҷик, мунаққид, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Соҳиб Табаров ҷашн гирифта мешавад. Бинобар ин, муассисаҳои илмию фарҳангӣ ва дигар сохторҳои марбута тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодаанд.

Дар пешорӯи ин чорабинии сатҳи баланд, нашр гардидани китоби узви вобастаи АМИТ, профессор Аламхон Кӯчарзода бо унвони “Абармадри роҳи омӯзишу пажӯҳиш”, ки хонандаро ба ҷаҳони илму дониш ва баёни лаҳзаҳои муҳимми рӯзгору осори Соҳиб Табаров шоинос менамояд, басо зарурӣ ва аҳамиятнок мебошад.

Китоби “Абармарди роҳи омӯзишу пажӯҳиш” аз қисмати санаҳои асосии ҳаёт ва фаъолияти Ш.С. Табаров, сарсухан, се боб ва ҳабдаҳ фасл иборат буда, дар охир андешаҳои инсондӯстию маърифатпарварӣ ва таҳаммулпазирию инсонгароии С. Табаров замима карда шудааст, ки бояд онҳоро ҳар як нафар, махсусан ҷавонони дар саргаҳи илм қарордошта заковатмандона мутолиа намояд, балки онҳоро сармашқи кори худ созад. Инчунин, қисмати “Тасвирҳо ҳикоят мекунад” басо ҷолибу диданӣ мебошад.

Боби якуми китоб “Зиндагии бошарафу ибратомӯз” ном дошта, рӯзгори пурмашаққати С. Табаров, ки ҳамсоли пойтахти кишвари азизамон мебошад, баён шуда, қадру манзалати Ватан ва эҳтиром ба он аз назари С. Табаров, нақши устод дар тарбияи шогирдон ва баёни эҳтирому миннатдории С. Табаров нисбат ба устодоне, ки ӯро тарбият намудаву дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ кумак кардаанд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст.

Профессор А. Кӯчарзода зиндагии С. Табаровро дар асоси далелу ҳуҷҷатҳо ва дигар сарчашмаҳои илмӣ таҳлил намуда, таҳсил дар хонаи бачагон, меҳрубониҳои бародараш, ранҷи бекасию ятимӣ, идомаи таҳсил дар омӯзишгоҳҳои Самарқанд, Панҷакент, Кӯлоб ва донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе, фаъолияти меҳнатӣ ва вазъи оилавии мунаққидро бо мисолҳои зиёд, махсусан аз дафтарҳои “Таассуроти ақлу дил” баён намудааст.

Воқеан, устод С. Табаров бо зиндагии пурасрор ва асарҳои мондагор ҳамчун шахси адабпарвару фарҳангдӯст намунаи ибрат мебошад. Ба таъкиди А. Кӯчарзода “Устод Табаров аз шахсиятҳои бузург ва хушбахти ҷумҳурии азизамон буд, ки бо қувваи ақлу фаросат, иродаи қавӣ ва илму дониши фарогир зиндагии огоҳонаву ибратбахше аз сар гузаронид”.

Эҳтиром ба Ватан ва қадр кардани он барои ҳар як шахс ҳам фарз асту ҳам қарз. «Росташро гӯям, – қайд кардааст М. Миршакар, – барои ман ибтидои Ватани бузургам аз он деҳаи хурде сар мешавад, ки дар он ҷо нахустин бор чашм ба дунё кушода, гап задан, роҳ гаштан, ба кӯча баромада бо ҳамсолонам бозӣ кардан, хубро аз бад фарқ кардан, бо ғаму шодии дӯстонам шарик будан, дӯст доштан ва бад диданро ёд гирифта будам».

С. Табаров низ эҳтиром ва дӯст доштани зодгоҳашро оғози дилбохтагиҳо ба Ватани азизаш медонад, ҳатто гарди хоки онро сурмаи чашм намудааст (ниг. ба фасли “Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар”). Аз баррасиҳои муаллиф бармеояд, зиндагии С. Табаров сермаҳсул буда, ӯ худро сарсупурдаи роҳи илму маърифат ва Ватани хеш медонад: “Ҳар як тоҷик, – қайд кардааст С. Табаров, – вазифадор аст, ки ифтихори миллию ватанхоҳӣ дошта бошад. Касе, ки ба як ҷузъи одитарини ин Ватан хиёнат мекунад, тоҷик нест ва рафта-рафта обу дону хоки ин Ватан ӯро кӯр хоҳад кард”.

Фаслҳое, ки ба устодони бузурги илму адаб бахшида шудааст, дар баробари ҷанбаи илмӣ доштан, руҳи тарбиявию иҷтимоиро касб кардаанд. Соҳиб Табаров заҳмату талошҳои устодони худро қадр карда, аз онҳо ба некӣ ном бурдааст. Аз ҷумла, Лутфулло Бузургзода барои С. Табаров намунаи олии омӯзгори асил мебошад. Фаъолиятмандӣ, мушкилписандӣ ва ҷонфидоии вай, ки ҳатто рӯзҳои таътил ҳам ёрмандиҳои худро аз донишҷӯён дареғ намедошт, аз ҷониби С. Табаров баҳои баланд дода шудааст. Мунаққид худро давомдиҳандаи роҳи устоди худ, ки бо оғоз гардидани ҶБВ ба ҳимояи Ватан рафта, мутаассифона, дигар барнагашт, шуморида, “назди ин марди бузург як умр сари таъзим фуруд оварданро вазифаи муқаддаси худ” шуморидааст.

А. Кӯчарзода бо мисолҳои мушаххас аз муносибат ва эътиқоду ихлосмандии шогирду устод сухан ронда, ба чунин натиҷа расидааст, ки: “эҳтирому ихлос ва садоқату самимияти ӯ ба Лутфулло Бузургзода, ки дар пояҳои олии муносибатҳои инсонӣ ва гуманизми комил қарор гирифта буд, намунаи ибрат ва муҷиби омӯзиши ҷомеаи имрӯза мебошад”.

Баррасии андешаҳои С. Табаров роҷеъ ба се устоди бузургаш – Садриддин Айнӣ, Евгений Эдуардович Бертелс ва Абдулғанӣ Мирзоев бахши дигари боби аввалро ташкил додааст. Маҳз роҳнамоиву дастгириҳои чунин устодони бузург буд, ки С. Табаров ба дараҷаи баланди инсонию маърифатпарварӣ расид.

А. Кӯчарзода сар карда аз аввалин шиносоии С. Табаров бо С. Айнӣ дар омӯзишгоҳи Самарқанд, ҷуръатнокии вай дар баёни фикр, махсусан барои аспиранти ҷавон навиштани мақолаи ҷавобӣ бо номи “Чанд сухан дар бораи як тақриз” ва пуштибонӣ аз устод Айнӣ  то чӣ гуна ба устод Айнӣ мактуб навиштани С. Табаров ва баромад дар маҷлиси мунаққидони адабии Тоҷикистон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро (1952) хеле возеҳу равшан таҳлилу баррасӣ намудааст. Чунин баррасиҳои муаллиф оид ба фаъолияти ду сарсупурдаи роҳи илму адабиёт басо ҷолиб ва ҷанбаи омӯзишию тарбиявӣ касб кардааст.

Аз ин ҷиҳат, баромади танқидӣ роҷеъ ба “Чор дарвеш”, ки дар таҳияи Ҷалол Икромӣ бо сарсухани устод Айнӣ нашр гардида буд, барои С. Табаров дарси ҷиддие шуд. Ба таъкиди А. Кӯчарзода, устод Айнӣ дар музокира усули танқиди беибоёнаи С. Табаровро номувофиқ шуморида, қайд мекунад, ки: “Танқид бояд рафиқона, пандомез ва боадабона бошад. Танқиди тундмиҷозона на ба хонанда, на ба муаллиф ёрии калон расонида метавонад...”.

Устод Айнӣ, инчунин дар ин маҷлис барои тасдиқи фикр ҳикояи шахсеро, ки бо шоҳ беэҳтиёт ва бемаврид сухан ронда, ба ҷазо гирифтор мешавад, баён дошта, барои олими ҷавон дарси ибрат мегардад. Чӣ тавре муаллиф ишора кардааст, С. Табаров минбаъд кӯшиш намудааст, ки расонидани ёрии маънавию идеявиро вазифаи ҷонии худ қарор диҳад.  А. Кӯчарзода таъсири суханрониҳои бевоситаи С. Айнӣ ва, махсусан асарҳои ӯро дар ҳаёти С. Табаров баррасӣ намуда, баён медорад, ки “устод Садриддин Айнӣ нахустин шахсиятест, ки бо чеҳраи нурбори фарҳангӣ, кору фаъолияти эҷодӣ ва ҷаҳони андешаҳои инсонпарварона қалбу руҳи Соҳиб Табаровро ҳанӯз аз синни 10-солагӣ (таҳсил дар омӯзишгоҳи Самарқанд, 1934 – Ш.Ҷ.) мунаввар намуд ва барои шогирди содиқ чун намунаи ибрат ва манбаи боэътимоди омӯзишу пажуҳиш қарор гирифт”.

Барои С. Табаров баъд аз устод Айнӣ хизматҳои устодон – узви вобастаи АИ Иттиҳоди Шуравӣ Е.Э. Бертелс ва академик Абдулғанӣ Мирзоев басо арзишманд буда, ин ду адабиётшинос дар роҳи ноҳамвори илм ба вай роҳ кушодаанд. Устод Аламхон Кӯчарзода тавассути нигоштаҳои худи С. Табаров дар бораи ёрмандиҳои ин устодон сухан ронда, саҳми онҳоро дар тарбияи олим ва мунаққид хеле баланд арзёбӣ кардааст.

Евгений Эдуардович Бертелс тавассути миёнаравиҳои А. Мирзоев роҳбари илмии С. Табаров таъйин шуда, вай соли 1949 дар мавзуи “Ғуломон”-и Садриддин Айнӣ ҳамчун романи таърихӣ” дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои СССР дар Ленинград рисолаи номзадӣ дифоъ намуд.

Нисбат ба дигарон, саҳми Абдулғанӣ Мирзоев дар тарбияти С. Табаров бештар арзёбӣ мегардад. Ҳарчанд роҳбари илмии С. Табаров Е.Э. Бертелс дониста мешуд, аммо машваратчӣ ва кумакрасони доимии вай А. Мирзоев буд. Хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, дақиқкорию серталабӣ, бар замми ин бомаърифат ва маданӣ будани ин адабиётшинос ба С. Табарови ҷавон таъсири ҳамаҷониба расонид. “Устод Табаров, – қайд мекунад А. Кӯчарзода, – то охири умр устоди роҳнамои хеш – академик Абдулғанӣ Мирзоевро ба некӣ ва арзи сипоси шогирдона ёдовар мешавад ва тамоми комёбиҳои худро дар соҳаи илми адабиётшиносӣ маҳз аз шарофату дастгириҳои падаронаи ин шахсияти муътабар медонад”.

Устод А. Кӯчарзода заҳмату талошҳои С. Табаровро дар ҷодаи илм муфассал баррасӣ намуда, ду маротиба барои соҳиб шудан ба дараҷаи доктори илми филология пешниҳод гардидани рисолаи илмӣ ва бо дахолати нотавононбинон ноком гардидани вайро баён намудааст. Мутолиаи ин қисмати китоби “Абармарди роҳи омӯзишу пажуҳиш” – сухан аз устодон, ба хонанда таъсири амиқи омӯзишию маърифатӣ мебахшад.

Боби дуюми китоб “Самараи умри гаронмоя” унвон дошта, дар он фаъолияти омӯзгорӣ, мактаби адабиётшиносии С. Табаров, саромадони адабиёти классики тоҷик Рӯдакию Камоли Хуҷандӣ дар шинохти С. Табаров, фаъолияти матншиносӣ ва дигар паҳлуҳои мактаби адабиётшиносии ин олими пуркор мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст.

Муаллиф бо истифода аз маъхазҳои гуногуни илмӣ, аз ҷумла дафтари “Таассуроти ақлу дил” муайян намудааст, ки барои С. Табаров касби муаллимӣ боарзиштарин ва асоситарин маҳсуб меёбад. С. Табаров, ки ҷисман маъюб буд ва ранҷи ятимию бечорагиро кашида буд, роҳе, касберо меҷӯст, ки ба тану ҷисми ӯ мувофиқ ояд ва дар оянда аз уҳдаи он бо сарбаландӣ баромада тавонад. Албатта, ин касб омӯзгорӣ буд. Фаъолияти омӯзгории  С. Ш.Табаров аз солҳои 1937 сар шуда, то вопасин лаҳзаи умри худ идома ёфт. Ҳам дар курси маҳви бесаводӣ, ҳам дар мактаби миёна ва ҳам дар омӯзишгоҳи шаҳри Кӯлоб С. Табаров бо иродаи қавӣ ва масъулияти баланд ба касби омӯзгорӣ муносибат мекард. Албатта, давраи асосии омӯзгории мавсуф, ки хеле пурсамар аст, фаъолият дар Универистети давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) марбут мебошад. Дар ин ҷода як қатор китобҳо, аз қабили “Материалҳо оид ба омӯхтани адабиёти советии тоҷик”, “Дастури аълимӣ доир ба назарияи танқиди адабӣ”, “Адабиёти муосири советӣ”, “Асосҳои назариявии танқиди адабӣ”, “Методи таҳлили асари бадеӣ” таълиф намудааст.

Профессор Аламхон Кӯчарзода фаъолияти омӯзгории Соҳиб Табаровро бо як равиши муайян қайд намуда, зимни таҳлил ба чунин хулоса омадааст, ки “Устод худқурбонӣ, ҷонфидоӣ ва серталабиро аз сифатҳои аслии касби муаллимӣ медонад ва муаллиме, ки баҳри ободии Ватан ва ояндаи халқаш талош меварзад, ҳамаи ин душвориҳоро бо як матонат паси сар мекунад, чунончи худи устод Табаров, ки гуфтааст: “Касби муаллимӣ дар хунам меҷӯшад ва бе он зиндагӣ карда наметавонам”.

Муаллиф мактаби адабиётшиносии Соҳиб Табаровро ба се давра ҷудо намудааст. Давраи якум ба замони донишҷӯӣ ва аспирантии С. Табаров рост омада, давраи дуюм бо таълифи китоби “Материалҳо оид ба омӯхтани таърихи адабиёти советии тоҷик” ва ҳимояи рисолаи номзадӣ (1949) иртибот гирифтааст. Муаллиф дар ин давра дар баробари таълифи рисолаҳои илмӣ, ба фаъолияти мунаққидӣ бештар таваҷҷуҳ намуда, осори қисме аз асарҳои нави адибони тоҷикро, ки дар солҳои 40-80 асри ХХ фаъолият намудаанд, мавриди таҳлил қарор дода, ҳусну қубҳи онҳоро муаяйн намудааст. Аз ҷумла, тақризҳои С. Табаров оид ба ҳикояи “Дар размгоҳ”-и С. Улуғзода бо номи “Асари камқимат” (1946), ва достони “Ҳасани аробакаш” (1955) таҳлил гардида, натиҷаи мусбат ба бор овард. “Мулоҳизаҳои холисона ва воқеъбинонаи танқидии С. Табаров, – нигоштааст А. Кӯчарзода, – шоири ҳақиқатпазирро (М. Турсунзода – Ш.Ҷ.) водор мекунад, ки асарро ҷиддан таҳрир намуда, ба он ғайр аз тағйироти ҷузъӣ 48 банди чаҳормисраъгӣ илова намояд ва бо ҳамин ба офаридани як асари марҳалавиву навоваронаи таърихи назми давраи нави тоҷик муваффақ шавад”.

Инчунин, тақризҳои пайдарпайи  мунаққид ба эҷодиёти М. Қаноат, Ф. Муҳаммадиев, М. Хоҷаев, Ю. Акобиров, Ғ. Сафарзода, Г. Сафиева ва ғ. рӯйи чоп омада, адибони ҷавонро ба кори эҷодӣ боз ҳам ҷиддӣ ва серталаб машғул гардидан роҳнамоӣ менамояд.

Баррасии вижагиҳои хоси мактаби адабиётшиносии С. Табаров як бахши дигари китобро ташкил дода, муаллиф онро, пеш аз ҳама, дар пайванди илму таълим ва робитаи мустаҳками ҷанбаҳои назариявию амалии онҳо медонад. Далели чунин баҳогузории муаллиф таълифи  барномаю дастурҳои таълимию методӣ ва китобҳои дарсӣ аз ҷониби С. Табаров маҳсуб меёбад.

Профессор А. Кӯчарзода давраи сеюми фаъолияти адабиётшиносии Соҳиб Табаровро (даврони соҳибистиқлолии кишвар), ки таҳқиқи таърихи адабиёти ибтидои асри ХХ маҳсуб меёбад, бо мисолҳои зиёде баррасӣ намуда, эҷоди асарҳои мондагори адабиётшиносро, ки дорои аҳаммияти калони илмӣ ва таълимию тарбиявӣ мебошанд, дар таърихи адабиёти муосири тоҷик муҳимму зарурӣ арзёбӣ кардааст. Китобҳои “Зиндагиномаи Садриддин Айнӣ (1875-1899)” (2008), “Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим” (2011), “Ҷаҳони андешаҳои Абдурауфи Фитрат” (2008-2009) аз қабили чунин таҳқиқот маҳсуб меёбад.

Доираи таҳқиқоти адабиётшиносии Соҳиб Табаров доманадор буда, “паҳлуҳои гуногуни илмҳои филологияи тоҷикро кашф карда ва рушду нумӯ бахшида, дар китоби таъриху фарҳанги Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаҳои рангину муътамад ворид намуданд. Ин мактаб алҳол дар айни рушд қарор дорад”.

Саҳми С. Табаров дар шинохти намояндагони адабиёти классики форсу тоҷик паҳлуи дигари китобро ташкил медиҳад. Устод Аламхон Кӯчарзода ин масъаларо дар мисоли шахсият ва осори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Камоли Хуҷандӣ пайгирӣ намуда, талошу кӯшишҳои адабиётшинос ва мунаққид С. Табаровро дар ин самт нишон додааст. Аз баррасиҳои ба ин мавзуъ бахшидашуда равшан мегардад, ки С. Табаров бо таълифи мақолаҳои илмӣ қадру қимат ва эътибори ин ду намояндаи номдори адабиётамонро дар лаҳзаҳои ҳассос ва шароити нави таърихӣ инъикос кардааст.

Айнишиносӣ ҷузъи асосии мактаби илмии С. Табаровро ташкил медиҳад ва мунаққид бори аввал тавассути рӯзгор ва осори файзбори устод Айнӣ  ба марҳалаи нави эҷодӣ қадам гузошт ва барҳақ худро шогирди эшон медонад. Профессор А. Кӯчарзода ин мавзуъро дар асоси китоби “Романи “Ғуломон”-и Садриддин Айнӣ ҳамчун асари таърихӣ” баррасӣ намуда, ин асарро бо масъалагузорӣ, баррасии амиқ, хулосаҳои мушаххаси илмӣ дар адабиётшиносии тоҷик таҳқиқоти комилу пурмуҳтаво арзёбӣ кардааст.

Соҳиб Табаров яке аз муҳаққиқони асосии рӯзгор ва осори Абдулвоҳиди Мунзим низ маҳсуб меёбад. Аз ҷумла рисолаҳои “Мунзим. Беҳбудӣ” (2002), “Мунзим – роҳбари ҷамъияти ҷавонон ва фирқаи ҷавонбухориён” (2003) ва “Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим” (2008) фаъолияти пурсамари мунаққид дар ин самт мебошад. Аз муҳокимаю баррасиҳои муаллиф аён мегардад, ки  Соҳиб Табаров бо эҷоди асарҳои ба рӯзгор ва осори Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим бахшидашуда симои ӯро чун шахсияти барҷастаи маорифпарвар, инқилобчӣ ва муборизи зиндагии огоҳонаву арзандаи халқи тоҷик инъикос кардааст.

Инчунин, таваҷҷуҳи адабиётшинос Аламхон Кӯчарзодаро маҳорати мусиқишиносии С. Табаров ҷалб намуда, бар асоси мақолаҳои “Сарвати бебаҳои зиндагӣ”, “Ёде аз Одина Ҳошим”, “Мусиқӣ зарурати зиндагист”, “Суруди диловез”, “Устоди бузурги музика” ва мулоҳизаҳои мунаққид аз дафтари “Таассуроти ақлу дил” ин мавзуъро пайгирӣ намудааст. А. Кӯчарзода мушаххас намудааст, ки Соҳиб Табаров мусиқиро зарурати зиндагии инсоният медонад. Вай ҳамчун мунаққид нигаронии худро баъзан аз косташавии маърифати оҳангсозию сарояндагӣ баён намудааст. Дар мақолаи “Мусиқӣ зарурати зиндагист” ҷанбаи маърифатомӯзию инсонпарварона доштани мусиқии халқии тоҷик ва касбиро таъкид намудааст: “Ҳоло бошад, махсусан қисми зиёди ҳофизони ҳаваскор ва булҳавасу беҳунари хонаҳои маданияту клубҳо ва ҳатто баъзе ҳофизони касбию унвондор дар суруду тарона ба гиряву лоба, баёни ҳасби ҳоли пуряъсу пуралам аҳамияти калон медиҳанд”.

Боиси қайд қайд аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ мусиқии тоҷик то як андоза бо ташкили чорабиниҳои гуногуни фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ рӯ ба инкишоф намуда истодааст.

Ҳамин тариқ, Соҳиб Табаров ҳамчун адабиётшинос ва мунаққид оид ба умдатарин масъалаҳои таърихи адабиёти тоҷик, махсусан адабиёти муосири тоҷик асару мақолаҳои зиёде таълиф намудааст, ки бо масъалагузорию навовариҳои худ дар инкишоф ва рушди адабиётшиносии тоҷик мақоми махсус дорад.

Боби сеюми китоби “Абармарди роҳи омӯзишу парвариш” оид ба рӯзнома ва осорхонаи С. Табаров марбут мебошад. Профессор А. Кӯчарзода нахуст “Таассуроти ақлу дил” ном хотироти С. Табаровро таҳлилу баррасӣ намуда, равшан намудааст, ки он аз ҷиҳати мавзуъ, мундариҷа ва услуби баён  ҷолибу пурмуҳтаво мебошад. Дар дафтарҳои хотироти С. Табаров ҷараёни зиндагии пуршӯри як шахсияти огоҳдили фарҳангӣ бо тамоми паҳлуҳояш ҳувайдо мешавад. Инчунин муҳити адабии давр, нишастҳои эҷодӣ, маросимҳо, урфу одат ва суннатҳои мардумӣ низ хотирмон таҷассум ёфтаанд.

Аз рӯйи қайди муаллиф хотироти С. Табаров дар 122 дафтари 96 варақа қайд гардида, пеш аз ҳама, аҳаммияти илмӣ, таълимӣ ва тарбиявиро доро мебошанд. Аз ҷумла, қайди зерини С. Табаров басо ҷолиб мебошад: “Ҳар як кор, чи хурду чи калон, нек аст ё бад, агар ӯро дӯст дорӣ, хуб аст. Фарроши беҳтарин аз муаллими бад беҳтар аст, чун яке бо дилсӯзӣ, самимона кор мекунад, дигаре дилсардона, бепарвоёна ва бемасъулиятона”.

Умуман, “Таассуроти ақлу дил” фарогири масъалаҳои гуногуни илмию адабӣ, маърифатию инсондӯстӣ буда, симои Соҳиб Табаровро чун шахси фозилу донишманд, сарсупурдаи роҳи илму дониш ва фарзанди вафодори Ватани азизамон ҳувайдо мекунад.

“Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров” иншооти фарҳангие мебошад, ки дар маркази ноҳияи Муъминобод қарор гирифта, ҳамчун макони илму маърифат хонандагони зиёдеро фаро гирифтааст. Муаллиф таърихи таъсис, талош ва кӯшишҳои С. Табаровро дар ташкили ин муассиса, тарзи ҷойгиршавӣ ва фонди китобхонаро ёдоварӣ шуда, барои омӯхтани ақидаҳои адабӣ-эстетикӣ ва фаъолияти танқидии устод Табаров, дастрасӣ ба адабиёти бадеӣ барои хонандагони ноҳия, мусоидат барои ташаккули сайёҳии фарҳангӣ-адабӣ дар дохили кишвар “Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров”-ро муҳим арзёбӣ кардааст.

Аз дафтари “Таассуроти ақлу дил” овардани чанде андешаҳои Соҳиб Табаров хонандаро ба сӯи ахлоқи ҳамида, таҳаммулпазирию меҳнатдӯстӣ ва ҳалол кор кардану содиқ будан ба касби интихбкарда ва Ватани азизамон раҳнамун месозад.

Хулоса, профессор Аламхон Кӯчарзода дар китоби “Абармарди роҳи омӯзишу пажӯҳиш” ҳаёти ибратомӯз ва осори мондагори адабиётшинос ва мунаққид Соҳиб Табаровро ба таври мушаххас, бо истифода аз маъхазҳои гуногуни илмӣ, махсусан бойгонии адабиётшинос таҳлилу баррасӣ намудааст. С. Табаров дар шинохти профессор А. Кӯчарзода шахсияти бонуфузи фарҳангӣ, омӯзгори асил, адабиётшинос ва мунаққиди барҷастаест, ки асарҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва танқидии таълифнамудааш на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ хонандаи худро пайдо кардааст.

Ба андешаи мо, таълифи китобҳо оид ба ҳаёт ва фаъолияти шахсиятҳои илмию фарҳангӣ, ба монанди Соҳиб Табаров муҳим ва саривақтӣ буда, аҳамияти илмӣ, таълимӣ ва тарбиявиро доро мебошанд. Инчунин хонандаро дар руҳияи илмдӯстию заҳматписандӣ ва қаноатмандӣ тарбият менамояд.

Шамшоди Ҷамшед-дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат