, Якшанбе, 22-декабр

КАЖДУМ ДАСТ НАКАШАД ҲЕҶ ЗИ НЕШ ЗАДАНАШ

 19.08.2024 208

КАЖДУМ ДАСТ НАКАШАД ҲЕҶ ЗИ НЕШ ЗАДАНАШ

Аз азал вақте ки инсон меҳнат кардаву ба мавқеи беҳтаре мерасаду соҳиби иззату эҳтиром ва беҳбудӣ мегардад, баъзеҳоро аз ин кор чашмашон сахт месӯзад. Қабул надоранд, ки дигарон бар пояи тараққиёту ободӣ бирасанд. Ҳасудону бадхоҳон аз ин кор рашкашон меояд. Агар васеътар андешем, имрӯз Тоҷикистони азизи мо низ боиси рашки як идда бадхоҳону тангназарон гардидааст. Кишваре, ки баъди солҳои ҷанги хонумонсӯз аҳолиаш ҷабри зиёд диду сохтори ҳукуматӣ фалаҷ шуда буд ва бо ибтикору ҷонбозиҳои фарзанди ҷасури миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора сулҳу амонӣ барқарор гардид. Кишваре, ки замоне мардумаш аз дасти ҷангу ҷидоли дастаҳои манфиатҷӯ хун мегиристу акнун 33 сол боз зери офтоби дурахшони осудагӣ қарор дорад, хоби бадхоҳонро паррондааст.

Давлате, ки давоми 33 соли ахир хеле рушд карду ҳазорон иншооти муҳими стратегию маишию хизматрасонӣ, пулу роҳҳо, шифохонаю мактабу кӯдакистонҳо ва корхонаву нерӯгоҳҳо сохта шуда, қомат афрохтанд, аз ин пешравиҳо чашми бадгуҳарон сӯхта истодааст.

Сарзамине, ки амнияти сокинонаш аз андоза дида таъмин асту метавон дар кӯчаю хиёбонҳояш шаб то рӯз бемалол роҳ гашт, баъзеҳо чашми дидани ин оромиро надоранд ва мудом мардумро ба инқилобу низоъ даъват месозанд.

КИСТАНД ОН НАФАРОН?

Хоссатан намояндагони гурӯҳҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнуи "Гурӯҳи 24" ва ташкилоти террористию экстремистии "ҲНИ" ва инҳо монанд. Зеро онҳо гурӯҳе ҳастанд, ки бешак ободию осудагии кишвари моро намехоҳанд. Қабул надоранд, то мардум дар муҳити амну бехатар зиндагӣ кунанд. Яъне чашмашон аз ин ободию пешравиҳо месӯзад. Ҳамвора чунин нафарон мехоҳанд нури сулҳу амният ва сарҷамъии мардуми тоҷикро ба роҳи зулмот бикашанд. Низоъ барангехта, қатлу куштор ташкил карда, хуни одамони бегуноҳ бирезанд. Дар оқибати кор ба мақсаду ҳадафҳои разилонаи худ бирасанд. Боз ҳам вақт довар шуд, ки мухолифини давлат, яъне гурӯҳҳои болозикр нияти нек надоранд.

Чанд рӯзи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое паҳн шуданд, ки баёнгари онанд, ки созмону гурӯҳҳои фаъолияташон дар кишвар мамнуъ ҳеҷ гоҳ нияти нек надоранд. Боз ҳам ҳадафашон ба даст овардани манфиат ва барҳам додани ҳокимият аст. Дар навор як намояндаи мухолифин дар хитоб ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси ТЭТ ҲНИ (ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъ) хиёнату амалҳои ӯро фош баён месозад. Аз А то Я ҳамаи хиёнату дасисакориҳои дар гузаштаву ҳозира кардаашро ёдовар мешавад. Ӯ зикр мекунад, ки Кабирӣ танҳо ва танҳо ҳадафаш ба даст овардани манфиат аст. Барои ин ӯ қодир аст, ҳама касро қурбон созад. Ӯ аз хоҷагони хориҷии худ маблағ гирифта, мақасдҳои нопоки худро амалӣ месозад.

Боз ҳам хулоса бояд кард, ки гурӯҳҳои мухолифу тундгаро ҳадафашон манфиати худу зарари дигарон аст.

Бо ин мақсад зери даъвату суханони худ мардумро низоъ ва даст задан ба нобасомонӣ хезондан мехоҳанд. Аммо, ҳаммаслаконашон рӯи рост қоиланд, ки онҳо ягон гуна одамият, раҳму шафқат ба касе надоранд. Мисли он ки болотар ишора кардам, “КАЖДУМ ҲЕҶ ГОҲ АЗ НЕШ ЗАДАН ДАСТ НАМЕКАШАД”. Пайт меҷӯянд, то неши худро ёзонда ба тани дигарон бизананд ва аз ин ҳаловат бибаранд.

Баъд аз ин мухолифат байни намояндагони гурӯҳҳои иртиҷоию бадхоҳ беш аз пеш маълум шуд, ки ғамхори касеву чизе нестанд, ҷуз пур кардани ҷайби худ. Онҳо то ҳануз пешравию дастоварди Ҳукумати моро дидан намехоҳанд, зеро ки идеологияашон ба вайрон сохтани оромию осудагӣ дар кишвари мо равона аст.

Алалхусус мо ҷавонон бояд фирефтаи аҳдофи чунин одамон нашавем. Чунки хиёнати онҳо нисбат ба давлат ҳақиқати бебаҳс-аксиома аст. Бояд насл андар насли мо чунин бадхоҳонро бишносанд ва нагузорем, ки сулҳу оромию зиндагии шоистаи моро касе халалдор созад.

Худойдоди Ислом, рӯзноманигор




Ба рӯйхат