,
Шанбе, 12-октябр
«Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».
Эмомали Раҳмон
Дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳимму умдаи рӯз ин тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст. Дар ҷомеаи кунунӣ бархе аз ҷавонону наврасон бинобар надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд.
Терроризм ҳамчун яке аз навъҳои хашмгинтарини экстремизм, яке аз падидаҳои хатарнок ва пешгӯинашавандаи замони муосир мебошад, ки шаклҳои гуногун ва миқёси таҳдидкунандаро ба даст меорад. Амалҳои террористӣ боиси қурбониҳои оммавии инсонӣ, хароб шудани арзишҳои маънавӣ ва моддии баъзан барқарорнашаванда, душманӣ байни давлатҳо, ҷангҳо, нобоварӣ ва нафрат байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва миллӣ мегарданд.
Экстремизм ин:
- тағйири маҷбурии асосҳои сохти конститутсионӣ ва вайрон кардани амнияти миллӣ;
- сафедкунии оммавии терроризм ва дигар фаъолияти террористӣ;
- барангехтани ихтилофи иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ;
- тарғиби истисноӣ, бартарият ё норасоии инсон аз рӯи аломатҳои мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ё забонӣ ё муносибати ӯ ба дин;
- вайрон кардани ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шахс ва шаҳрванд вобаста ба мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ё забонии онҳо ё муносибат ба дин.
Ҳангоми ҷамъбасти ин таъриф, метавон гуфт, ки экстремизм уҳдадорӣ ба тадбирҳо ва ақидаҳои шадид мебошад, ки меъёрҳо ва қоидаҳои мавҷудаи ҷомеаро тавассути маҷмӯи зуҳуроти зӯроварии шахсони алоҳида ва гурӯҳҳо ва ҷомеаҳои махсус ташкилшуда рад мекунанд.
Экстремизм яке аз мушкилоти мураккаби иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеаҳо ва давлатҳои муосир гардид. Ин пеш аз ҳама бо гуногунии зуҳуроти он (хатарноктарин терроризм) алоқаманд аст. Онҳо амнияти ҷамъиятӣ ва тамомияти ҳудудиро халалдор мекунанд, ба сулҳ, амният ва рушди устувор, асосҳои сохти конститутсионӣ, ризоияти байнимиллӣ, байни конфессияҳо ва иҷтимоӣ таҳдиди воқеии доимӣ эҷод мекунанд.
Дар даҳсолаи аввали асри XXI экстремизм тағироти ҷиддӣ ба амал овард: ҷаҳонишавӣ, бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ якҷоя шуд, дараҷаи хатари даъватҳои экстремистӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт. Бо хусусияти фаромарзӣ ва фаромиллӣ, созмонҳои байналмилалии экстремистӣ дар масъалаҳои таблиғи экстремизм, фашизм, маблағгузорӣ, таъмини таҷҳизот ва воситаҳои силоҳ, такмили усулҳои ҷалб ва омодагии махсуси аъзои нав, тактикаи омодагӣ ва гузаронидани аксияҳои экстремистӣ ҳамкориро торафт фаъолтар мекунанд. Афзоиши фаъолияти экстремистӣ дар минтақаҳои гуногуни сайёра зуҳуроти хатарноки зиддидавлатӣ ва зиддиҷамъиятӣ ба вуҷуд меорад.
Терроризм идеологияи зӯроварӣ ва амалияи таъсиррасонӣ ба қарорҳои ҳокимият тавассути зӯроварӣ ва тарсонидани аҳолӣ мебошад.
Таҳдиди терроризм яке аз мушкилоти асосии замони муосир гаштааст.
Барои террористон муҳим аст, ки одамонро тарсонанд, тарсро дар ҷомеа паҳн кунанд ва ваҳм ба вуҷуд оранд. Қурбониёни террор одамони оддӣ буда метавонанд, ки тасодуфан дар наздикии ҷои ҷиноят қарор гиранд. Аммо баъзан шахсони муҳим, барҷаста ё ашё ҳадафи ҷинояткорон мешаванд.
Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави муборизаҳо ва таҳлилҳо ба монанди сепаратизм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ифлосшавии иқлим дар арсаи байналмилалӣ чандин ташаббусҳо кардааст.
Яке аз тадбирҳои муассири кишвари мо дар роҳи мубориза бо терроризм ин қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза ба терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020 мебошад ва ба татбиқи муввафақиятомези ин стратегия, стратегияи нав Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқоввимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025-ро таҳия ва қабул кард.
Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар чорчӯбаи стратегия ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, аз ҷумла ин дастовардҳо механизми беҳбуди пешгирии ифротгароӣ, таваҷҷуҳи бештари мардум, бахусус муассисаҳои таълимӣ ва падару модарон ба масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии тундгароӣ аст.
Бояд гуфт, ки гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз манбаъҳои дастгирии молиявии терроризми байналмилалӣ буда, яке аз мушкилоти дигари миқёси ҷаҳони мебошад. Тоҷикистон, ки бо Авғонистон беш аз 1,400 км сарҳад дорад ҳамчун сипар дар роҳи вориди маводи мухаддир ба қаламрави давлатҳои мустаъқил ва минтақаи мавриди масъулияти Созмони ҳамкории Шанхай ва иттиҳоди Аврупо хизмат мекунад.
Имрӯз як шароити бисёр мураккаби геополетикии ҷаҳон аст, ки агар ба давраҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ муқоиса кунем, шояд имрӯзҳо вазъият мураккабтар бошад. Бо назардошти ин, албатта имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳое, ки узви Созмонҳои байналмилаллӣ ва минтақавӣ ҳастанд, дар якҷоягии ҳамаи кишварҳо мо метавонем аз ин вазъи мураккаби сиёсӣ берун оем ва амнияти миллии худро ҳифз намоем.
Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад.
Бо истифодаи имкониятҳои техникаву технологияҳои муосир, бахусус интернет, ҷавонони бисёр кишварҳо аз ноогоҳӣ ва надоштани дониши сиёсӣ бо ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ҷалб мегардиданд. Созмону гурӯҳҳои тафриқаангез низ бештар бо истифода аз ин омил байни ҷавонон ихтилофи мазҳабӣ паҳн намуда, ба ин васила низоъу нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меоранд. Ин тоифа, ки асосан ташкилотчӣ ва саркардаҳои гуруӯҳҳои ифротгаро мебошанд, аз бетаҷрибагии ҷавонон истифода бурда онҳоро шомили ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегардонанд. Ваъдаҳои дуруғин ва пешниҳоди маблағҳои зиёд ҷавононро ба гумроҳӣ мебарад. Ба ҷуз ин онҳоро бовар мекунонанд, ки тамоми фаъолияту амалиёташон барои иҷрои мақсаду ҳадафҳои бузург ва барқарории адолату ҳақиқат мебошад. Аз ин рӯ, насли калонсол – падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда, дар замири онҳо пеш аз ҳама ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва динӣ, ҳурмату эҳтиром нисбати калонсолонро бедор намуда ба онҳо талқин намоем, ки роҳи аҷдодони хешро дар партави ҳифзи ватан давом диҳанд, чунки миллати тоҷик аз қадим халқи бо фарҳанг, соҳибтамаддун мубориз ва муадаб буданд. Моро месазад, ки ба ҷавонон роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳем.
Зарур аст, ки тамоми мардуми озодихоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар мубориза бар зидди чунин падидаҳои ифротӣ дастҷамъ бошанд. Ҳар як шаҳрванди баномӯси ватан, бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.
Абдуллоева Дилангез-лаборанти кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷии факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ