,
Якшанбе, 22-декабр
Зиндаю ҷовид монд, ҳарки накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро. С. Шерозӣ
Дар ҳадиси Расули Акрам (с) омадааст, ки "Олимон ворисони анбиёанд". Оре, мартабаи илму олим хеле баланд аст. Ҷойи дигар паёмбари ислом мефармоянд: "Хоби олим беҳ аз ибодати ҳафтодсолаи авом аст". Бале, агар олим набудӣ, олам шаби тор будӣ.
Дар тӯли зиндагии пуршебу фарози башарият олимон чун шамъ худсӯзиҳо намуда, ба нури зиёи хеш ин ҷаҳони пуршарру шурро рӯшаниҳо бахшидаанд ва мебахшанд.
Чароғи ҳарду олам олимонанд,
Ба маънӣ олимон шамъи ҷаҳонанд.
Дар таърихи инсоният шахсиятҳои хурду бузург ва шоиставу нописандида басо бисёр зуҳур кардаанд. Ва ҳар яке аз онон осореву нақше ва мақоме дар ҳаёти башар аз худ боқӣ гузошта, ки ҳеҷ ба дигаре монанд нест, ҳар яке аз он дар манзалати худ нотакрор аст. Ва аммо писандидатару шоистатар, арзандатару пазируфтанитар онест, ки дар ҷабҳаву талош манфиате ва хайриятеро меҷӯяду меёбад ва барои инсоният пешкаш менамояд. Худованд низ барои бандагонаш ҷабҳаҳоеро эҷод карда, ки ҳар касе аз рӯйи имкону тавоноӣ дар он машғули кору пайкор аст. Ин шахси дар кору пайкор бисёр серталабу қавиирода, дар илму маърифат хеле арзанда ва дар навбати худ ҳалиму меҳрубон Раҳмонов Тағай Раҳмонович (рӯҳаш шод ва хонаи охираташ обод бод!) мебошад.
Ҷое, ки сухан аз мардӣ, ёру бародарӣ ва санъати баланди роҳбарӣ меравад, пеши назарам дӯсту ҳамкор, инсони ҳалиму хоксор, роҳбари сахтгиру меҳрубон Тағай Раҳмонович ҷилвагар мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки ҳар миллатро шахсиятҳои хирадманду фарҳангиаш муайян мекунанд ва инсонҳоро аз нуру хирад, ақлу заковат, маърифату меҳру муҳаббаташон мунаввар месозанд, ки дар чунин маврид бузургворе фармудааст: “Ҳар кӣ илм бештар дорад, ӯро бузург доред ва ҳар кӣ аз омӯхтани илм нанг дорад, ӯро мардум машуморед".
Банда Тағай Раҳмоновро аз солҳои 70-уми асри гузашта дар асоси фаъолияти якҷояи корӣ дар Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ) медонаму мешиносам. Ӯ солҳои зиёд дар вазифаи ректори Донишкадаи педагогии шаҳри Кӯлоб ва баъди он дар дигар вазифаҳои масъул фаъолият намуд. Зимни дар ин вазифаҳо фаъолият намуданаш, ӯ бо хислатҳо ва фазилатҳои беҳтарини инсонияш намунаи ибрати дигарон буд. Хислати аз ҳама беҳтарини Тағай Раҳмонов ин хоксорӣ, фурӯтанӣ ва таҳаммулпазирии ӯ буд. Мошини хизматӣ надошт, пиёда ба кор меомад. Ана ҳамин хислатҳо буд, ки ӯ то охири умраш дар хонаи давлатӣ (обшежит) зиндагӣ мекард, ҳавлии воҳиманоки заминӣ надошт. Агар мехост, мисли дигарон чунин хонаи замонавӣ месохт, вале дар зиндагӣ шиори ӯ хизмат барои давлату миллат буд, на барои зиндагии бошукӯҳ ва бунёди қаср барои худ.
Яке аз хислатҳои дигари устод он буд, ки аз кормандон, ёру дӯстонаш, агар касе бемор мешуданду дар касалхона ё хонааш бистарӣ мегашт, ҳатман устод ба аёдаташ бо дастархону табақи хӯрок мерафт. Ё ин ки, агар дар вақти набуданаш (ҳангоми сафари хизматӣ ё рухсатии меҳнатӣ) касе вафот мекард, баъди бозгашт устод ҳатман касеро гирифта, ба хонаи ӯ мерафт, изҳори ҳамдардӣ намуда, дуою фотиҳа мекард.
Рости гап, чунин рафтору хислати устодро дида кас дар тааҷҷуб мемонд, як одами баобрӯи ҷамъият, олим, роҳбари муассисаи олии таълимӣ вақт ёфта, ин корҳоро анҷом медиҳад. Мо ҳамеша кӯшиш мекардем аз устод ин хислатро омӯзем, зеро Тағай Раҳмонов намунаи ибрати дигарон ва шоёни таҳсину офарин буд.
Солҳои 1991-1992 баъди пош хӯрдани ҳукумати Шӯравӣ ва коста гардидани обрӯи ҳизби коммунист ӯ боз ба донишкада баргашта, як муддат дар вазифаи ноиби ректор оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ фаъолият намуданд ва ман дар ин давра вазифаи мудири шуъбаи тарбияро ба уҳда доштам.
Ману устод дар утоқҳои ҳамшафати корӣ фаъолият менамудем. Устод дар утоқи дарун ва ман дар утоқи берун ҷой гирифтем. Дар давоми ду соли кориамон устод дари утоқи худро намепӯшиданд. Баъзе мавридҳо агар ман дарро мепӯшидам, устод бо оҳанги ҷидӣ мегуфтанд: "Дарро кушода монед, ман аз шумо ягон сухану кори пинҳонӣ надорам".
Маълум аст, ки кори шуъбаи тарбия ниҳоят вазнин аст. Шуъбаи тарбия ба тартибу интизом, сару либос, китобу дафтардорӣ, таъмин намудани донишҷӯён ба дарсҳо, одобу ахлоқи омӯзгорону кормандони донишкада, тозагӣ ва ғайраҳо муваззаф шуда буд. Ман нақшаҳои гуногуни кори тарбиявӣ, чорабиниҳоро тартиб медодам, гузоришу маълумотномаҳо омода месохтам, оид ба корҳои тарбиявӣ фармонҳо таҳия менамудам ва ба устод пешниҳод менамудам. Устод Тағай Раҳмонов аз назар мегузарониданд ва ба наздашон даъват менамуданд. Аз курсиашон хеста омада, дар рӯ ба рӯям менишастанд ва бо лафзи ҷиддӣ ва ширину нарм мегуфтанд: "Домулло, бисёр хуб омода кардаед, вале ба андешаи ман агар ин тавр мебуд, боз беҳтар мебуд".
Устод Тағай Раҳмонов бо ручка худашон (ручкаро устод бо ранги кабуд ё сиёҳ пур мекарданд) хатогиҳояшро ислоҳ карда, андешаҳои худро илова менамуданд. Он кас ин корҳоро мекарданд ва ман ба чеҳраи нурониашон пинҳонӣ нигоҳ мекардам ва дар чеҳраашон аломатҳои раҳнамоӣ, устодӣ, мураббигиро нисбат ба худам кашф менамудам. Аз устод бисёр чизҳоро меомӯхтам. Маҳз тартиб додани қарору фармонҳо, ҳисоботҳо, нақшасозиҳо, сабру тоқат, покизаю озода кор кардан, миллату ин сарзаминро дӯст доштан, кори имрӯзаро ба фардо нагузоштанро аз мактаби устод омӯхтам.
Як хислати аҷиби устод ин буд, ки дар утоқи кориашон пайваста кор мекарданд, аммо бегоҳӣ боз медидам, ки тӯдаи қоғазҳоро ғундошта ба портфелашон ҷой мекарданд. Мепурсидам, ки устод, ин коғазҳоро куҷо мебаред?
Устод мегуфтанд, ки “ба хона мебарам ва шаб кор мекунам". Ман бошам, ба худ андеша мекардам. Устодро бинед, шабу рӯз кор мекунанд.
Ҳамду сано ба чунин роҳбар, ба чунин олим, ба чунин инсон!
Устод Тағай Раҳмонов таъкид мекарданд, ки аз баски рӯзи истироҳат тинҷу ором аст, омада корҳои ба охир нарасидаро анҷом додан беҳтар аст. Дар болои мизи кориатон қоғазҳоро ғарам накунед, ҳар ҳуҷҷате, ки аз куҷо меояд, бо ҷавобаш ба ҷуздони худаш ҷой кунед, ҷойи кориатонро ҳамеша тозаю озода нигоҳ доред, ҳамаи ҳуҷҷатҳо, ҷуздонҳоро ба тартиб дароред. Таъкидҳои устоди зиндаёдам Тағай Раҳмонов то имрӯз шиори фаъолияти омӯзгорӣ ва рӯзгори ҳамешагии ман мебошад.
Устоди гиромии мо профессори илми фалсафа ва сиёсатшиносӣ, собиқ ректори Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб, ноиби ректор шодравон Раҳмонов Тағай Раҳмонович буданд. Устод аз зумраи он шахсиятҳое буданд, ки тамоми умри бобаракати хешро сарфи илму маърифат, мактабу маориф намуда буданд. Ин марди шариф, порсо, донишошно, инсони комилу заминӣ, хушгуфтору ботамкин, ки сухан ба меҳр мегуфт, ба қадри инсон мерасид, бо мулоҳиза андеша меронд, ба кори хайр ҷаҳд менамуд, ба дӯстон машварат, ба ёpy наздикон меҳрубониву шафқатро мепарастид, печу тоби умри худро ба тамоми маъниаш медонист.
Аз ин рӯ, ҳамагуна кору вазифае, ки ба ӯ бовар карда месупориданд, бо сарбаландӣ ва беш аз он бар нафъи мардум ва бо некандешиву хайрхоҳӣ ба анҷом расонида мешуд. Маҳз шояд ба ҳамин хотир бошад, ки ӯ дар куҷое, ки кору фаъолият менамуд ва дар кадом вазифае, ки кор накарда бошад, ҳама эҳтиромаш менамуданд. Ҳар як мушкилот, душворӣ, каҷфаҳмие, ки мабодо пеш меомад, аз ӯ пинҳон намекарданд. Ҳатман маслиҳати Тағай Раҳмоновичро гирифтан лозим мегуфтанд, ки ин, албатта, бесабаб набуд.
Ёдатон ба хайр, устоди азизу меҳрубон, рӯҳатон шод ва манзили охирататон пурнур бод!
Ҷойгоҳи устод дар қарб ва ному пайкорашон дар ёди мо шогирдону ҳамкорон аст. Хотираи неки ӯ ҳамеша ҷовидон хоҳад монд, ба қавли Шайх Саъдии бузургвор:
Саъдиё, марди накуном намирад ҳаргиз,
Мурда он аст, ки номаш ба накуӣ набаранд.
Грез ИБРОҲИМОВ - номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ