, Панҷшанбе, 26-декабр

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ  ДОНИШГОҲ ДАР СОЛИ 2024

 03.07.2024 491

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ  ДОНИШГОҲ ДАР СОЛИ 2024

Санаи 3-юми июли соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати таъмини иҷрои мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.06.2024, №05/33/01-637 мутобиқи ҷадвали тасдиқгардида ҷаласаи васеи ҳайати профессорону омӯзгорон ва устодону кормандон оид ба “Натиҷагирии фаъолияти таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва корҳои иҷтимоию идории донишгоҳ дар шашмоҳаи аввали соли 2024” баргузор гардид.

Дар ҷаласа ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, роҳбарони сохторҳову шуъбаъҳо ва дигар ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон иштирок намуданд.

Нахуст, ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, бо таҳлили амиқи самтҳои фаъолияти муассиса дар шашмоҳаи аввали соли 2024, аз дастоварду комёбиҳо, натиҷаҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии ҳайати профессорону омӯзгорон, робитаҳои байналмилалӣ, корҳои ободониву хоҷагидорӣ, дастовардҳои донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ёдовар шуд. Инчунин, бо зикри таҷрибаву камбудиҳои ҷойдошта, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дурнамои рушди соҳаи илму маорифи кишвар, роҷеъ ба дурнамои фаъолияти донишгоҳ дар соли 2024 масъалагузориҳои мушаххас ва оростаи ҳусни тадбир ироа намуд.

Таъкид гардид, ки соҳаи маориф асоси рушд ва қадамҳои устувор ба фардои беҳтару дурахшони миллату давлат арзёбӣ мегардад. Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ояндаафрӯзу раҳнамояшон қайд намуданд, ки «Бо фароҳам омадани имконият хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуда, дар ин давра 1 380 иншооти соҳаи маориф бунёду азнавсозӣ карда шуданд.

Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ” дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимии кишвар ба ҳисоб рафта, бо роҳнамоии Вазорати маориф ва илм баҳри татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати баланд бардоштани дараҷаи касбияти омӯзгорон, хоса омӯзгорони ҷавон, тақвияти заминаҳои моддӣ-техникӣ ва зарфияти илмии муассиса, ташкили озмоишгоҳҳои замонавӣ, кашф ва парвариши насли ихтироъкор, таъмини ҳамгироии илм бо истеҳсолот, мусоидат ба саноатикунонии босуръати мамлакат, тадбирҳои омодасозии шогирдон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ миёни омӯзгорону донишҷӯён пайваста иқдомҳои судмандро рӯйи кор меоварад.

Заҳмати аҳлонаву пурсамари коллективи муътабари донишгоҳ, натиҷаҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии ҳайати профессорону омӯзгорон, фаъолияти муассиса дар самти робитаҳои байналмилалӣ ва корҳои ободониву хоҷагидорӣ, дастовардҳои донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ дар соли таҳсили 2023-2024 қобили таваҷҷуҳ мебошанд.

Таърихи 11 марти соли 2024 дар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки беш аз 150 нафар собиқадорони матбуот ва журналистони фаъоли вилояти Хатлон баргузор гардида, зимни он озмуни вилоятии “Неруи сухан” барои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон натиҷагирӣ шуд. Хурсандиовар аст, ки Шарофат Худойдодова, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ, устоди фанҳои тахассуси рӯзноманигорӣ дар номинатсияи “Рӯзноманигори соҳибмактаб” ғолиб дониста шуда, барандаи Ҷоизаи раиси вилоят ва дипломи дараҷаи 1 гардид.

Боиси ифтихори аҳли раёсат ва устодону кормандони донишгоҳ аст, ки дотсентон Комилов Н.Б. ва Мирсаидов М.Н. дар озмуни байналмилалии "Беҳтарин олимони ҷавони ИДМ-2024" бо пешниҳоди таҳқиқоти илмӣ дар бахши иқтисодиёт ғолиб гардида, бо медалу Дипломи дараҷаи 1-уми “Беҳтарин олими ҷавони ИДМ-2024” қадрдонӣ гардиданд.

Давоми моҳи марти 2023 то марти 2024 бо ташаббуси нашрияи Ҳукумати ҷумҳурӣ «Народная газета» дар партави «Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар ИДМ» эълон шудани соли 2023 Озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин таҳти унвони «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони русӣ» доир гардид, ки аз рӯйи натиҷагирии озмун, дотсент, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони русии донишгоҳ Файзуллоева Фирӯза Мадохировна барои нашри мақолаи мавриди таваҷҷуҳ сазовори ҷойи 2-юми озмун гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» ҷиҳати таъмини шароити мусоид барои донишандӯзии насли наврасу ҷавон, аз ҷумла омӯзиши забонҳои хориҷӣ, дар факултети филологияи хориҷӣ синфхонаи лингафонии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурии соҳавӣ ифтитоҳ гардид, ки барои донишҷӯёну магистрантон, докторантони PhD, унвонҷӯёну муҳаққиқон имконоти васеи омӯзиши забони англисиро фароҳам меоварад.

Ҳамчунин дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» ҷиҳати таъмини рушди соҳаи илму техника ва тайёр намудани кадрҳои лаёқатманд дар доираи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ дар факултети физика ва математика озмоишгоҳи “Барқ” ба номи академик Каримов Самариддин Каримович ва китобхонаву синфхонаи электронӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар ин давра бо ташаббуси Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, №668, «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳавӣ дар Телевезиони Кулоб барномаи телевизионии «Маърифати ҳуқуқӣ» роҳандозӣ гардид, ки давоми соли 2024 моҳе як маротиба дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштарак ташкил ва баргузор мегардад.

Шумораи умумии гурӯҳҳои таълимӣ ба 417 адад баробар аст, ки аз ин шумора 267 гурӯҳ дар таълими рӯзона, 38 гурӯҳ дар таълими ғоибона ва 112 гурӯҳ дар низоми таълими фосилавӣ мебошад.

Натиҷаи азхудкунии сессияи фаъоли тобистонаи соли таҳсили 2023-2024 дар таълими рӯзона 69,1% (нисбат ба соли гузашта -2,6% кам) ва дар таълими фосилавӣ бошад 50,7%-ро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи гузашта + 1,6% зиёд мебошад.

Шумораи умумии хатмкунандагон дар соли 2024 дар таълими рӯзона, фосилавӣ ва магистратура 2327 нафар-ро ташкил медиҳад ва донишҷӯёне, ки донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намудаанд 60 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 8 нафар зиёд мебошанд.

Ҳайати устодону кормандон дар соли ҷорӣ аз рӯйи 18 равия, 25 масъала ва 28 мавзуъ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мебошанд.

Дар шаш моҳи соли 2024 1 нафар рисолаи докторӣ ва 14 нафар омӯзгорони донишгоҳ рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд.

Инчунин, санаи ҳимояи 5 нафар унвонҷӯён маълум гардидааст, ки аз инҳо 1 нафарашон рисолаи докторӣ мебошад. Дар ин давра ҳайати омӯзгорони унвондори донишгоҳ 71 тақриз ба рисолаву авторефератҳои муҳаққиқон навиштаанд, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 25 адад зиёд мебошад.

Хурсандибахш аст, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби донишҷӯёни донишгоҳ 12 кори илмӣ-таҳқиқотӣ ба озмуни “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” пешниҳод гардид, ки аз инҳо 5 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардида, бо диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар ин баробар дастаи олимпии донишгоҳ бо гирифтани 6 ҷойи ифтихорӣ (1 ҷойи аввал, 2 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи сеюм) ва 2 “Ифтихорнома” барои иштироки фаъолона дар олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дар бахши фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ҷойи дуюмро касб намуд.

Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» донишҷӯёни донишгоҳ иштироки фаъолона намуда, 21 нафар донишҷӯ сазовори ҷойҳои намоён гардида, барои иштирок дар даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Донишҷӯёну магистрантони донишгоҳ дар даври шаҳрии озмуни «Илм - фурӯғи маърифат» низ аз худ маҳорату кордонӣ нишон дода, 25 нафар донишҷӯёну магистрантон бо касб намудани ҷойҳои намоён барои иштирок дар даври вилоятӣ  роҳхат гирифтаанд.

Бояд қайд кард, ки дар соли таҳсили 2023-2024 ташкил ва баргузории чорабиниҳои илмӣ бесобиқа арзёбӣ мегардад. Аз ҷониби кафедраҳо дар соли ҷорӣ 118 чорабинии илмӣ: 3 конференсияи байналмилалӣ, 12 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 8 конференсияи вилоятӣ ва шаҳрӣ, 48 конференсияи донишгоҳию факултетӣ, 33 мизи мудаввар ва 14 семинари илмӣ ташкил ва гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 1 конференсияи байналмилалӣ, 3 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 2 конференсияи вилоятӣ, 8 конференсияи донишгоҳию факултетӣ, 2 семинари илмӣ ва 3 мизи мудаввар зиёд мебошад.

Боиси шодии афзун аст, ки дар даври вилоятии озмуни “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” 11 нафар кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуда, 5 нафар аз онҳо аз рӯйи номинатсияҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Дар давраи ҳисоботӣ донишҷӯёни донишгоҳ дар як қатор чорабиниҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуривӣ ва шаҳрию донишгоҳӣ ширкат варзида, ба гирифтани 53 медал, аз ҷумла 8 медали тилло, 25 медали нуқра, 20 медали биринҷӣ сазовор гардиданд.

Абубакр Муродзода-донишҷӯи курси 4-уми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нишони биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиёро миёни наврасону ҷавонон дар вазни (-60 кг) соҳиб шуд.

Донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ бо 106 МТОК-и хориҷӣ кишвар ҳамкории судмандро идома дод, ки ба самтҳои табодули таҷриба, табодули дастовардҳои соҳаи таълим, табодули таҷриба дар соҳаи илм ва иштирок дар чорабиниҳои илмии якдигар ва ғайра равона карда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ донишгоҳ бо 6 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд, Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Тошканд, Донишгоҳи давлатии техникии Узбекистон ба номи Ислом Каримов, Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов ва Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А.С. Пушкин шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар 6 моҳи соли 2024 аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯён 8 нафар ба хориҷи кишвар сафарҳои хизматию омӯзишӣ дошта, оид ба табодули таҷриба, забономӯзӣ, иштирок дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва ғайра иштирок намудаанд.

Ҳамзамон муовини ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Шарофат Худойдодова ба ҳайси коршинос дар комиссияи Озмуни байналмилалии тарҷумонҳои ҷавон, бахшида ба “Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар ИДМ” ширкат варзиданд, ин ҳамоишҳо дар доираи татбиқи Созишномаҳои ҳамкорӣ бо Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ сурат гирифтанд

Ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Д.С. бо зикри соҳа ба соҳаи дурнамои фаъолият дар соли 2024, дар фарҷоми суханронӣ, натиҷагирӣ намуданд, ки зарфият, тавоноӣ, имконоти ҳайати олимон ва донишҷӯёни донишгоҳ беш аз ҳадди натиҷаҳо буда, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳро зарур аст, ки беш аз пеш кӯшиш ба харҷ дода, дар соли навбатӣ бо тақвияти заминаи моддӣ-техникӣ ва зарфияти илмии муассиса, такмили барномаҳои таълимӣ, мутобиқсозии матни лексияҳо ба талаботи замони муосир, такмили ихтисоси омӯзгорон, хоса омӯзгорони ҷавон, кашфи истеъдодҳои нав, тақвияти кори маҳфилҳои фаннӣ, ҷалби бештари донишҷӯён ба онҳо, тақвияти дастаи олимпӣ, аз ҷумла бо ҷалби хатмкунандагон ба зинаҳои магистратура ва докторантура, дар ҳама самтҳои фаъолияти донишгоҳ корро боз ҳам ҷоннок ва натиҷаву дастовардҳоро афзун намоем.

Дар бахши музокирот, Муродова Гулчеҳра – дотсент, мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ, Фатҳуллозода Абдухолиқ – дотсент, декани факултети молиявию иқтисодӣ баромад намуда, ҳисоботи ректори донишгоҳро қаноатбахш, таҳлилҳоро амиқу фарогир, дурнамои фаъолиятро, бо ироаи пешниҳодоти хеш, мубраму саривақтӣ ва судманду натиҷабахш арзёбӣ намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа, як қатор профессорону омӯзгорон ва устодону кормандони донишгоҳ барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисосу иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу фарҳангӣ бо «Сипоснома»-и Раёсати донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.




Ба рӯйхат