,
Шанбе, 12-октябр
Санаи 26.06.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ омили муҳими пойдориву бақои давлат” ва зимни он маросими супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони зинаҳои бакалавриат ва магистратура бо иштироки ҳайати васеи устодону омӯзгорон ва донишҷӯёну магистрантони донишгоҳ баргузор гардид.
Ҷамъомад бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек оғоз гардид. Устод нахуст, қудуми меҳмонони азизро ба донишгоҳ-боргоҳи илму маърифат, маъвои ташаккули фарзонагони миллат, ки ходимони зиёди варзидаи давлатӣ, абармардони илму сиёсат, адибони номвару шуҳратёр, пешгомони арсаҳои созандагиро парвардаву дар хидмати халқу Ватан шарафёр гардонидааст, самимона хайрамақдам гуфта, ҳозиринро ба муносибати солгарди ҷашни муқаддаси миллӣ, нигини зиёбахши ганҷи истиқлол, меваи нахли ба қиммати ҷону ҳастӣ парвардаи Пешвои сулҳҷӯю ваҳдатгарои миллат, падидаи муттаҳидсозу иқтидорбахши халқи кишвар, омили муҳимми рушду пешрафти Ватани азизу маҳбуб – Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо таманнои сиҳатии бардавом, хонаи обод, ҳаёти осоишта, фаъолияти созандаву пуршараф баҳри гул-гулшукуфоии бештари Ватани азизу маҳбуб намуда, ба шогирдони азиз, ки яке аз марҳилаҳои ширини ҳаётро бо таҳсили аъло ва хулқу атвори наку тай намудаанд, дар масири ояндаи ҳаёт ва кору фаъолияти касбӣ муваффақияту комгории мудом орзу намуданд.
Ёдовар шуданд, ки “Тоҷикистони азиз маҳз аз файзи Ваҳдати миллӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва фаъолияти якдилонаву дастаҷамъонаи халқи диёр, дар партави хиради пурзиёву ояндаафрӯзи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба дастовардҳои бемисли таърихӣ, рушду пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ, некуаҳволии рӯзафзуни халқ, тағйири куллии симои шаҳру навоҳии мамлакат, остонаи таҷлил аз ҷашнҳои пуршукӯҳу муқаддаси миллӣ, эътирофи ташаббусҳои ҷаҳониву арзишҳои фарҳангӣ аз ҷониби ҷомеаи башарӣ расида, бо татбиқи пайвастаи тадбирҳои ватандориву соҳибдавлатӣ, аҳдофи стратегии миллӣ, дурнамои рушди минбаъдаи давлат ва некуаҳволии миллат боз ҳам рангину пурҷило хоҳад буд.
Бояд ёдовар шуд, ки бо ибтикори раёсати донишгоҳ соли сеюм аст яке аз чорабиниҳои бисёр бонишоту фараҳбахш, барангезандаи эҳсосоти наҷиби навҷавонӣ – маросими тақдими дипломҳои аъло тавъам бо чорабинии ҷашнии бисёр муқаддасу сарнавиштсози давлатдории миллӣ – Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор мегардад.
Имрӯз низ зимни баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба 60 нафар хатмкардагони донишгоҳ – 47 нафар зинаи бакалавр ва 13 нафар зинаи магистратура ДИПЛОМИ АЪЛО супорида шуд.
Маълумот дода шуд, ки соли 2024 донишгоҳро 2 327 нафар донишҷӯёну магистрантон хатм намудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 477 нафар зиёд мебошад. Хатмкардагони таълими рӯзона 880, таҳсилоти фосилавӣ 1 340 ва зинаи магистратура 107 нафарро ташкил медиҳанд.
Зимни супоридани дипломҳои аъло ишора рафт, ки имрӯзҳо дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо, ҷавонон ҳамчун неруи бузурги созанда, захираи стратегии давлат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва соҳаҳои хоҷагидории мамлакат, ҳомии марзу бум ва якпорчагии кишвар, муаррифгари сазовори фарҳангу тамаддун, парчамбардорони Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ ва дар маҷмуъ, ояндаи миллату давлат эътироф гардидаанд.
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимии кишвар дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ мебошад, баҳри татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат бо роҳнамоии Вазорати маориф ва илм тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, баҳри баланд бардоштани дараҷаи касбияти омӯзгорон, хоса омӯзгорони ҷавон, тақвияти зарфияти зеҳнии муассиса, такмили барномаҳои таълимӣ, таъмини сафарбаршавии хатмкунандагони ихтисосҳои омӯзгорӣ ба ҷойи кор ва пайгирии фаъолияти бефосилаи онҳо пайваста тадбирҳои судманд рӯйи кор меоварад.
Инчунин дар ин рӯз мусобиқаҳои варзишии футболи хурд миёни дастаҳои донишҷӯён ва устодону кормандон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол натиҷагирӣ карда шуда, ба дастаҳои ғолиб сипосномаву туҳфаҳои таҳиянамудаи кумитаи тадорукоти мусобиқаҳо супорида шуд.
Ҳамчунин, устод Холиқов Сафар-дотсент, доир ба нақши Ваҳдати миллӣ дар таъмини зиндагии шоиста изҳори андеша намуда, онро омили муттаҳидӣ ва саодатмандии ҷомеа арзёбӣ намуд. Ва Муҳтармаи Зиёвуддин-хатмкунандаи ихтисоси забони англисӣ бо дипломи аъло баромад намуда, миннатдории хешро ба Роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати таъмини шароити мусоид барои касби илму дониш ва устодону омӯзгорон, ки замони таҳсил ба онҳо дарс гуфтанду маърифат омӯхтанд, баён намуданд.
Дар идома дастагуле иборат аз савту наво, суруду тарона ва рақсҳои ҷаззоб дар иҷрои ансамбли “Наво”-и донишгоҳ ба кори ҷамъомад шукӯҳи хосса бахшид.