,
Якшанбе, 10-ноябр
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ аз тарафи Лоиҳаи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) “БИЁ, ҲАМРОҲ ОМӮЗЕМ” вохӯрӣ-машваратҳои методӣ оид ба дастгирии методии мутахассисони ихтисоси “Таҳсилоти ибтидоӣ” баргузор гардид. Иқдоми мазкур бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.
Дар кори машварат ҳамоҳангсозӣ лоиҳа Маҳмадназар Раҷабов ва устодону омӯзгорони факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги донишгоҳ иштирок доштанд.
Мақсади вохӯрӣ-машваратҳои методӣ оид ба дастгирии методии мутахассисони ихтисоси “Таҳсилоти ибтидоӣ”- рушди касбии омӯзгорони фанҳои методикаи таълими ибтидоии забони тоҷикӣ; методикаи таълими матемтика, педагогика, психология ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён; пешниҳоду тавсияҳо оид ба таҳияи мақолаҳои илмӣ-амалӣ ва тақвияти корҳои таҳқиқотии омӯзгорон ва донишҷӯён; муаррифӣ ва муколама оид ба истифодаи таҳқиқоти амал дар раванди омода намудани омӯзгорони ояндаи синфҳои ибтидоӣ; Муколамаҳои инфиродӣ бо мутахассисони фанҳои тахассусӣ ва самти таҷрибаомӯзӣ дар назар дошта мешавад.
Раёсат ва ҳайати устодону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Лоиҳа миннатдории самимӣ баён намуда, бар он мекӯшанд, ки бо истифода аз малака ва маҳорати касбнамуда аз машваратҳои методӣ дар тарбияи мутахассисони соҳибкасбу рақобатпазир ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.