, Чоршанбе, 03-июл

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

 20.06.2024 163

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

Санаи 20-уми июни 2024 равон дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ-пояи сулҳ” бахшида ба 27-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш доктори илмҳои таърих, профессор Абдуллоев Маҳмуд, декани факултет, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Ҳусайнзода Аминҷон, мудири кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих, дотсент Холмуродзода Меҳрафрӯз, мудирони кафедраҳои тахассусии факултет ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Кори конфронс бо суханронии профессор Абдуллоев Маҳмуд оғоз гардида, зимни баромад ҳозиринро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику шодбош гуфта, ёдовар шуд, ки “Ваҳдати миллӣ барои ҳар як тоҷики ватандӯст ва бонангу номус муқаддастарин ҷашн ба ҳисоб меравад, зеро ин иди сулҳу оромӣ, осудагию ҳамдигарфаҳмӣ ва оштиву ваҳдат аст. Халқи тоҷик тавонист дар сарнавишти миллат дигаргуниҳои зиёдеро дар мавриди худшиносиву худогоҳии миллӣ ба вуҷуд орад. Дастоварди бузургтарини мо дар ин давра барқарор намудаи сулҳи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз бо шарофати хиради азалии мардуми тоҷик муяссар шуд. Ин аст, ки сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои муқаддастарин ба ҳисоб рафта, ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷонии ҳар як сокини мамлакат мебошад”.

Сипас, Холмуродзода Меҳрафрӯз - дотсент дар мавзуи “Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва таъмини Ваҳдати миллӣ”, Фаризаи Давлатмурод – ассистенти кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих дар мавзуи “Пешвои ваҳдатгаро ва арзиши Ваҳдати миллӣ” ва Ҳайдаров Кароматулло – ассистенти кафедраи болозикр дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ-мактаби бузурги ватандорӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Қайд гардид, ки Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик дастоварди арзишмандест дар қатори истиқлолияту амнияти миллӣ, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд. Бинобар ин, ваҳдати миллиро бешубҳа метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани маҳбубамон маънидод кард, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳдорӣ намоем.




Ба рӯйхат