,
Шанбе, 23-ноябр
Бо чунин ном санаи 12.06.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи нақша-чорабиниҳо оид ба истиқболи 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ Форуми васеи донишҷӯён баргузор гардид.
Ҳадафи асосии форум интихоб ва тарбия намудани истеъдодҳо, ҳунармандон ва ихтироъкорони ҷавон арзёбӣ гардида, барои дарёфт ва тарбияи чеҳраҳои нав, ки дар оянда дар пешрафти илму маърифат, иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвари азизамон-Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта метавонанд, равона гардидааст.
Дар ин баробар истифода, татбиқ ва ихтирои технологияи инноватсионӣ, рушди тавонмандии зеҳнии ҷавонон, ҳамоҳангсозии фаъолияти ихтироъкору навоварони ҷавон дар кишвар, таҳкими огаҳмандии ҷомеа оид ба дониш, ихтироъ ва моҳияти иқтисодӣ-иҷтимоии он дар ҷомеаи донишбунёд, ҳамоҳангсозии муносибатҳо байни ихтироъкорону навоварони ҷавон ва сармоягузорону корхонаҳои истеҳсолии хурду миёна, ошкор ва бартараф намудани монеаҳои рушди ихтироъкорӣ ва навоварӣ, ҷалби сармоягузорон ва корхонаҳои хурду миёна барои маблағгузориву мусоидат дар воридкунии ихтирооту навовариҳо дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ аз авлавиятҳои нишондоди форум дар назар дошта мешавад.
Форум нуктаҳои зеринро:
* ташаккул ва таҳкими заминаи мусоид барои муаррифии мунтазами ҷавонони соҳибистеъдод ва дастовардҳои ихтироъкорону навоварони ҷавон ва ҳамкории манфиатбори бисёрҷонибаи онҳо;
* ҳавасмандгардонии донишҷӯёни ҳунарманду ихтироъкор барои рушди ихтироъкорӣ дар соҳаҳои гуногуни илму техника, саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои фаъолияти инсон;
* дарёфт ва ҷалби сармоягузорон ва бахши хусусӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди ихтироъкорию навоварӣ ва истифодаи натиҷаҳои он дар истеҳсолот;
* ҷалби таваҷҷуҳи иштирокчиёни форум дар рушди фарҳангу тавонмандии бунёдкории зеҳнии ватанӣ.
асоси кори худ дониста, ҷиҳати амалӣ намудани нишондоди онҳо ҷавонони ҳунарманду ихтироъкорро бо номи “МАҲОРАТИ МАН” бо ҳам овард.
Бояд қайд намуд, ки дар форум зиёда аз 50 нафар магистрантон ва донишҷӯёни коллеҷу муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Кӯлоб иштирок доштанд.
Қабл аз оғози форум дар саҳни бинои маъмурии донишгоҳ аз ҷониби донишҷӯёни Коллеҷи миллитсияи ВКД дар шаҳри Кӯлоб намоиши машқҳои тактикӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар форум дастовардҳо ва лоиҳаҳои инноватсиониву ихтирооти донишҷӯён ба намоиш гузошта шуд. Сипас, ҷаласаи ифтитоҳии форуми мазкур оғоз гардида, дар он ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ва роҳбарону намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва коллеҷҳои шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иштирокчиён зимни суханронӣ ҳозиринро ба муносибати фарорасии 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику шодбош гуфта, ёдовар шуданд, ки масъалаи дарёфт ва тарбия намудани истеъдодҳои ҷавон аз самтҳои меҳварии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодасозии мутахассисони соҳибкасбу навовар ба ҳисоб рафта, дар ин замина ташкилу баргузории озмунҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ, ба монанди “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” далели гуфтаҳост.
Воқеан, имрӯз ҷавонони мо, алалхусус донишҷӯёни макотиби олӣ ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рӯ, ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавонон самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон гардидааст.
Мову Шумо хуб дарк кардаем, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии ягон давлатро тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Имрӯз иштироки фаъолонаи донишҷӯёни донишгоҳ дар раванди ободкориву созандагии Ватани муқаддасамон баръало ба назар мерасад ва мо дар навбати худ бо дастгирӣ аз сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат, барои беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил ва касбомӯзии онҳо тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодаем.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз донишҷуёни мо атрофи мафҳумҳои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ озодона ибрози андеша менамоянд, ки ин далели ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли созандаи кишварамон арзёбӣ мегардад.
Ҳамин тариқ, форум кори худро қисмати аввали рӯз бо тамошои намоиши дастовардҳои иштирокчиён ҷамъбаст намуда, нимаи дуюми рӯз муррифии ҳунару лоиҳаҳо дар доираи бахшҳо давом кард.
Ғолибон бо тӯҳфаҳои арзишманд ва диплому ифтихорномаиҳои кумитаи тадорукоти форум қадрдонӣ гардиданд.
Лозим ба ёдоварист, ки форуми “МАҲОРАТИ МАН” бо ташаббуси маркази рушди касбият ва инноватсия бори нахуст бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки зиёда аз 50 нафар донишҷӯён аз коллеҷу муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Кӯлоб баргузор карда шуд.
Ҷавонон аз коллеҷу муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Кӯлоб бо ҳам дар форум риштаи дустӣ, ҳамкорӣ ва ошноӣ пайдо карда, ҷустуҷӯи роҳҳои беҳтарсозии эҷоди лоиҳаҳои инноватсионӣ ва ихтироъкориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шарти муҳим донистанд.
Дар интиҳои форум раёсати донишгоҳ бо эътимоду боварии зиёд ба ҷавонон аз саҳм ва ширкати онҳо дар форум изҳори миннатдорӣ намуда, нақши онҳоро дар рушди навоварӣ ва фаъолияти ихтироъкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бориз арзёбӣ намуданд.