,
Душанбе, 30-декабр
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат гузаронида шуд.
Дар семинар сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар, директори китобхонаи давлатии патентию техникии муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот” Шарипов Соатулло, сармутахассис-коршиноси раёсати саноати давлатии ихтироот ва намунаҳои саноати муассисаи мазкур ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Нахуст, дотсент Шарипов Анвар суханронӣ намуда, меҳмононро ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ хайру мақдам гуфта, аз мазмуну муҳтавои мавзуи интихобгардидаи семинар маълумот доданд.
Сипас, директори китобхонаи давлатии патентию техникии муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот” Шарипов Соатулло бо маърӯзаи худро дар мавзуи “Асосои моликияти зеҳнӣ –ихтироъ ва ҳифзи ҳуқуқи он” баромад намуд.
Мақсади баргузории семинари мазкур дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи ҳукумати ҷумҳурӣ, сиёсати хирадмандона ва иқдомҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба навоварию ихтироъкорӣ ва иттилоотонии онҳо вобаста ба соҳа арзёбӣ гардид.