,
Ҷумъа, 27-декабр
Санаи 08.06.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии докторанти PhD-и кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ Ибодова Саёҳат Маҳмадуллоевна дар мавзуи “Шаклҳои тасрифнашавандаи феъл дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ (дар асоси маводи адабиёти бадеӣ ва китоби Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих”)” (роҳбари илмӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷамшедов Парвона) баргузор гардид.
Дар рафти муҳокима муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, декани факултети филологияи хориҷӣ, дотсент Муродов Баҳриддин, мудири кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ, дотсент Гулаҳмадшоев Шокиршо, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ, номзади илмҳои филологӣ Давлатов Наҷмиддин ва дигар омӯзгорон иштирок доштанд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи назарияи тарҷума ва услубшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Ҷурақулов Бозоралӣ ва номзади илмҳои дотсент Муродов Баҳриддин баромад намуданд.
Ҳамин тариқ, рисолаи илмии докторанти PhD-и кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ Ибодова Саёҳат Маҳмадуллоевна бо дарназардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисоб шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба докторант ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба онҳо дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамоянд.