, Панҷшанбе, 26-декабр

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

 06.06.2024 302

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Санаи 6-уми июни соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими они факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Муносибати босалоҳият-асоси арзёбии раванди таълим дар синфҳои ибтидоӣ» баргузор гардид.

Дар кори конфронс Рафиев Сафархон-дотсент, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, Иззатова Муҳаббат-доктори илмҳои педагогӣ, профессор, Гулмадов Файз- доктори илмҳои педагогӣ, профессор, мудири шуъбаи педагогика ва методикаи таълими Академияи таҳсилоти Тоҷикистон,  Ғиёсиев Меҳриддин- дотсент, мудири шуъбаи иттилоот, робитаҳои илмӣ ва омӯзиши тамаддуни шарқи марказии мероси хаттии назди раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ҳайати профессорон, омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Конфронс бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон оғоз гардида, дар идома доктори илмҳои педагогӣ, профессор Гулмадов  Файз дар мавзуи “Ташаккули салоҳиятҳои таълимии хонандагон омили баланд гардидани сифати таҳсилот”, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ғиёсиев Меҳриддин дар мавзуи “Аҳаммият ва нақши омӯзгор ҳамчун омили асосӣ дар баҳодиҳии раванди таълим дар синфҳои ибтидоӣ”, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими он Мирзоева Бунафша дар мавзуи “Бартарият ва камбудиҳои асосии раванди таълими технология ва касбу ҳунарҳои мардумӣ дар низоми босалоҳият” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Иштирокчиён зимни ироаи маърӯзаҳо таъкид доштанд, ки дар шароити кунунии Тоҷикистон, вобаста ба дастрасии воситаҳои иттилоотӣ (интернет, телевизион ва ғайра) танҳо бо дониш мусаллаҳ намудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кифоя набуда, дар амал истифода бурдани донишу малакаҳо муҳимтарин роҳи ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил шудан ба шумор меравад.  Имрӯз вазифаи маорифи муосир аз он иборат аст, ки насли наврасро бояд барои зиндагӣ дар олами дигар омода намояд. Воқеият ин аст, ки донишҳои имрӯз гирифта пагоҳ бояд ба насли наврас хизмати шоиста карда тавонанд.

Таъкид карда шуд, ки барои ташаккул додани дониш, маҳорат ва малакаи муайян яке аз роҳҳои муфид ин ҷорӣ намудани муносибати босалоҳият ба таълим мебошад. Худи мафҳуми «салоҳиятнокӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, олимон ба моҳияти он хусусиятҳои гуногуни арзишию маъноиро нисбат медиҳанд. Қайд карда мешавад, ки салоҳиятнокӣ-ин низоми дониши амалкунанда мебошад, ки фаъолияти амалӣ ва бошуурии таълимро инъикос менамояд.

Кори конфронс нимаи дуюми рӯз дар ду бахш: 1. Саҳми Пешвои миллат дар такмили муносибати босалоҳият дар таълими синфҳои ибтидоӣ, 2. Аҳаммият ва нақши омӯзгор дар муносибати босалоҳият ба таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо баррасии мақолаҳоии илмии олимону донишмандон идома меёбад.




Ба рӯйхат