, Чоршанбе, 03-июл

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМИИ ДОКТОРАНТИ PhD

 04.06.2024 98

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМИИ ДОКТОРАНТИ PhD

Санаи 04.05.2024 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии докторанти PhD-и кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ Каримов Фаррухҷон Давлаталиевич дар мавзуи “Такмили механизми идоракунии сармояи инсонии хоҷагии деҳот дар минтақа (дар мисоли минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон)” (роҳбари илмӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Мирсаидов Муҳаммаднаим Негматович) баргузор гардид.

Дар рафти муҳокима декани факултети молиявию иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ, декани факултети иқтисод ва идора, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Расулова Лутфия, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, ҳамзамон роҳбари илмӣ Мирсаидов Муҳаммаднаим, номзади илмҳои иқтисодӣ Сафаров Аъзам, мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳасанова Фарзона ва дигар омӯзгорон иштирок доштанд.

Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис номзади илмҳои иқтисодӣ, Тешаев Мирзошариф ва номзади илмҳои иқтисодӣ Назаров Муродалӣ баромад намуданд.

Ҳамин тариқ, рисолаи илмии докторанти PhD Каримов Фаррухҷон Давлаталиевич бо дарназардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисоб шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба докторант ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба онҳо дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамоянд




Ба рӯйхат