, Ҷумъа, 27-декабр

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМИИ ДОКТОРАНТИ PhD

 03.06.2024 278

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМИИ ДОКТОРАНТИ PhD

Дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии докторанти PhD-и кафедраи фалсафа Қудратова Мавлуда Нуриддиновна дар мавзуи “Ташаккули фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар ҷомеаи Тоҷикистонии муосир” (роҳбари илмӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Қурбонов Абдураҳмон) бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра баргузор гардид.

Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис мудири кафедраи фалсафа, доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси фалсафа Ғаюров Лоиқ, дотсенти кафедра Абдуллоев Насрулло, муаллими калони кафедра Камолов Шодмон баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ намуда, пешниҳоду тавсияҳои худро ироа намуданд.

Ҳамин тариқ, рисолаи номзадии докторанти PhD Қудратова Мавлуда Нуриддиновна бо дарназардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисоб шуда барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба докторант ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамоянд.




Ба рӯйхат