,
Душанбе, 30-декабр
Дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии унвонҷӯйи кафедраи назарияи иқтисодӣ Давлатова Қаламнисо Одинаевна дар мавзуи “Мукаммалсозии механизми танзими давлатии муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (роҳбари илмӣ, Одинаев Комрон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент) баргузор гардид.
Дар муҳокима декани факултети молиявию иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Сафаров Аъзам, мудири кафедраи молия ва қарз, дотсент Комилов Низомиддин ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарриз номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Мирсаидов Муҳаммаднаим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Комилов Низомиддин баромад намуданд.
Ҳамин тариқ, рисолаи номзадии унвонҷӯйи кафедраи назарияи иқтисодӣ Давлатова Қаламнисо Одинаевна бо дарназардошти тавсияҳо барои муҳокима ба зинаҳои минбаъда тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба докторант ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамояд.