, Якшанбе, 08-декабр

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮДАКОН ДАР КӮЛОБ

 01.06.2024 273

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮДАКОН ДАР КӮЛОБ

Имрӯз (01.06.2024) дар доираи таҷлил аз Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ чорабинии тантанавӣ ва фарҳангӣ доир гардид, ки дар он ҳайати раёсат, устодон ва кӯдакони кӯдакистони “Ситора”-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ фаъолона иштирок варзиданд.

Дар оғоз роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб якҷо бо меҳмонон аз дастовардҳои кӯдакони муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла кӯдакистони “Ситора”-и донишгоҳ шинос шуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангие, ки аз ҷониби кӯдакону наврасони муассисаҳои томактабӣ якҷо бо бахши фарҳанг омода гардида буд, дар фазои сулҳу оромии Ватани маҳбубамон пешниҳоди меҳмонон гардонида шуд.




Ба рӯйхат