,
Ҷумъа, 27-декабр
Санаи 31.05.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳошияи баргузории ҷаласаи Шурои олимон бо ибтикор ва дастгирии раёсати Донишгоҳ донишҷӯёни ғолибони даври ниҳоии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд гардонида шуданд.
Дар ин робита фармоиши ректори донишгоҳ ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ба тасвиб расида, роҳбарони илмии донишҷӯёне, ки дар даври ниҳоии Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён ва ифтихорӣ гардиданд, дар шакли зерин: 1 нафар ҷиҳати ишғоли ҷойи 1-ум дар ҳаҷми 2 маоши вазифавӣ; 2 нафар ҷиҳати ишғоли ҷойи 2-юм дар ҳаҷмӣ 1 маоши вазифавӣ, 3 нафар ҷиҳати ишғоли ҷойи 3-юм дар ҳаҷмӣ 0,75 маоши вазифавӣ ва 2 нафар барои иштироки фаъолонаи шогирдон дар ҳаҷмӣ 0,5 маоши вазифавӣ ҳавасманд карда шуданд.
Инчунин донишҷӯёне, ки дар даври ниҳоии Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ғолиб дониста шудаанд, дар шакли зерин: 1 нафар барои ишғоли ҷойи аввал дар ҳаҷми 10 стипендияи муқаррарӣ, 2 нафар барои ишғоли ҷойи дуюм дар ҳаҷми 7 стипендияи муқаррарӣ, 3 нафар барои ишғоли ҷойи сеюм дар ҳаҷми 5 стипендияи муқаррарӣ ва 2 нафар барои сазовор шудан ба Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм дар ҳаҷми 3 стипендияи муқаррарӣ ҳавасманд карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи олимпии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо гирифтани 6 ҷойи ифтихорӣ (1 ҷойи аввал, 2 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи сеюм) ва 2 “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм барои иштироки фаъолона миёни дастаҳои олимпии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, дар бахши фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ҷойи дуюмро касб намуд. (https://www.facebook.com/share/p/6U1oPHPMTX6aU7oj/)
#ҶОЙИ_АВВАЛ
#ҶОЙИ_ДУЮМ
#ҶОЙИ_СЕЮМ
#ИФТИХОРНОМА
Тошматов Умар, Маркази матбуоти донишгоҳ