, Ҷумъа, 08-ноябр

ҲАМГИРОИИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ-ТАҚОЗОИ ЗАМОН

 31.05.2024 257

ҲАМГИРОИИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ-ТАҚОЗОИ ЗАМОН

Бо чунин ном имрӯз (31.05.2024) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявии ҳайати олимону омӯзгорон дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар баргузор гардид.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек оғоз гардид. Устод зимни суханронӣ таассурот ва бардошти худро аз вохӯрии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар баён дошта, иброз намуданд, ки дар мулоқоти мазкур натиҷаҳои мулоқоти қаблии Пешвои миллат бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Иброз гардид, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ натиҷаҳои кори олимонро тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳлили амиқ намуда, ҷиҳати дарёфти роҳҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани илми ватанӣ ва хизмат кардани он дар роҳи рушду пешрафти давлат дар назди ҳукумати кишвар ва сохторҳои марбута вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба беҳдошти сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои олӣ ва миёна, ба замони муосир мутобиқ сохтани соҳаи таълим ва дигар омилҳои пешбарандаи ҷомеа ба масъулин ва сохторҳои марбута дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуданд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати китобҳои дарсӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Дар идомаи кори ҳомоиш Холиқов Сафар - мудири кафедраи химия ва методикаи таълими он, номзади илмҳои химия, дотсент дар мавзуи “Нақши зиёиён дар рушди маънавии миллат” ва Фатҳуллозода Абдухолиқ - декани факултети молиявию иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент дар мавзуи “Истифодаи самарабахши натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ-омили муҳимми рушди устувори иқтисодӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Баромадкунандагон зимни ироаи маърӯзаҳои худ аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илму маориф ёдовар шуда, иброз доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.

Аз ин рӯ, олимону донишмандон ва аҳли зиёи кишавр, хосатан мо-омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро мебояд, ки ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои рисолати худ дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ кору фаъолият намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ, таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон -Тоҷикистон саҳмгузор бошем. Тавониста бошем, ки бо дарназардошти вазъи кунунии ҷаҳони пуртазод ҷиҳати ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар-барои дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавон ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.

Муҳаммадҷони Абдувоҳид, Маркази матбуоти донишгоҳ




Ба рӯйхат