, Душанбе, 14-октябр

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ДАР КӮДАКИСТОНИ “СИТОРА”-И НАЗДИ ДОНИШГОҲ

 31.05.2024 209

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ДАР КӮДАКИСТОНИ “СИТОРА”-И НАЗДИ ДОНИШГОҲ

Санаи 31.05.2024 дар кӯдакистони “Ситора”-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ доткори илмҳои педагогӣ, профессор Иззатова Муҳаббат, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, муаллими калони кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Табарова Зарторбӣ, мудири кӯдакистон Саодати Раҳмоналӣ, падарону модарон, мураббияҳо ва кӯдакон иштирок доштанд.

Нахуст, мудири кӯдакистон Саодати Раҳмоналӣ суханронӣ намуда, таълимгирандагони муассисаро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрику таҳният гуфта, чорабиниро бо иқтибос аз суханрониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «барои давлат миллати солим, мардуми солим зарур аст. Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо, ҳифзи саломатӣ, рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар баробари дигар ҳуқуқҳои дар қонун нисбат ба кӯдакон муқарраршуда яке аз он ҳуқуқи кӯдак ба ҳифзи саломатӣ мебошад» оғоз бахшид.

Дар идомаи чорабинӣ профессор Иззатова Муҳаббат ва муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Шарофат Худойдодова суханронӣ намуда, қайд карданд, ки Рӯзи кӯдакон на танҳо ҷашни фароғатӣ барои худи кӯдакон буда, балки он инчунин ба ҷомеа дар бораи зарурати ҳимояи ҳуқуқи кӯдак ёдрас мекунад, то ҳамаи кӯдакон хушбахтона ба воя расанд, омӯзанд, коре кунанд, ки дар оянда волидайн ва шаҳрвандони сазовори кишвари худ шаванд.

Сипас, аз ҷониби тарбиятгирандагони кӯдакистон барномаи ҷолиби консертӣ, аз қабили рақсу бозиҳои диловез, суруду таронаҳои бачагона пешниҳод гардид.

Дар охир  ба тарбиятгирандагони кӯдакистон, ки шурӯъ аз соли нави таҳсил ба муассисаҳои миёна барои таҳсил фаро гирифта мешаванд, ифтихорномаю тӯҳфаҳои роҳбарияти кӯдакистон тақдим карда шуд.

Мунисаи Маҳмарабӣ, Маркази матбуоти донишгоҳ




Ба рӯйхат