, Шанбе, 12-октябр

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ОМӮЗГОРӢ ВА ФАРҲАНГ

 30.05.2024 178

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ОМӮЗГОРӢ ВА ФАРҲАНГ

Рӯзи байналмилалии кӯдакон яке аз қадимтарин идҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Қарори баргузории он соли 1925 дар Конфронси умумиҷаҳонии некӯаҳволии кӯдакон дар Женева қабул карда шуд. Ҳамасола дар саросари ҷаҳон аз ҷумла дар Тоҷикистон ин ид рӯзи 1-июн ҷашн гирифта мешавад. Дар ин росто имрӯз (30.05.2024) дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Кӯдакон неъмати бебаҳо, сармояи инсонӣ, ояндаи имрӯзу фардои оила ва миллат” баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар доктори илмҳои педагогӣ, профессор Иззатова Муҳаббат, мудири кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ, дотсент Шарипов Бахтовар, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шералиева Садбарг, дотсент Акбарова Маҳрамбӣ, мудири кӯдакистони “Ситора”-и назди донишгоҳ Саодати Раҳмоналӣ, муаллими калони кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Табарова Зарторбӣ ва ҳайати омӯзгорони факултет иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ ассистенти кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Назарова Хосият суханронӣ намуда, иштирокчиёнро бо мавзуъҳои баррасишаванда шинос намуданд.

Сипас, мудири кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ, дотсент Шарипов Бахтовар дар мавзуи “Кӯдакон неъмати бебаҳо, сармояи инсонӣ, ояндаи имрӯзу фардои оила ва миллат”, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Иззатова Муҳаббат дар мавзуи “Кӯдакон зангулаи идомаи ҳаётанд”, муаллими калони кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Табарова Зарторбӣ дар мавзуи “Оила сарчашмаи тарбияи кӯдакон” ва ассистенти кафедраи мазкур Ноҳира Ҳақназарзода дар мавзуи “Муъҷизаҳои зиндагӣ” маърӯзаҳои худро ироа карданд.

Дар фарҷом чанде аз иштирокдорони мизи мудаввар оид ба мавзуи мазкур ибрози андеша намуданд.




Ба рӯйхат