,
Ҷумъа, 27-декабр
Санаи 23 майи соли 2024 ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳамзамон раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, узви Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек дар Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Институти идоракунии президентӣ дар кишварҳои ИДМ» («Институт президентской власти в странах СНГ») дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия иштирок ва дар ҳар ду қисмати конфронс: мизи мудаввар ва мубоҳисаи панелии аъзои парлумонҳои кишварҳо бо маърӯзаҳо баромад намуд.
Конфронси мазкур бо ташаббуси муштараки Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Беларус, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Россия ба номи А.И. Гертсен, Институти шимолу ғарбии идоракунии Академияи хоҷагии халқ ва идораи давлатии Россия дар назди Президенти Федератсияи Россия, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардида, дар он намояндагони корпусҳои парлумонӣ ва комиссияҳои интихоботии кишварҳои Иттиҳод, ҳайати омӯзгорони донишгоҳҳои шарики АБП ИДМ, аз ҷумла Россия, Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Белорус, Озарбойҷон ва Молдова дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуда, оид ба рушди институти идоракунии президентӣ дар давлатҳои Иттиҳод маърӯзаҳо ироа карданд.