,
Шанбе, 23-ноябр
Дар шароити кунунии таҳаввули рӯзафзуни сохтори иҷтимоии кишварҳо бар асари тараққиёти илму техника ва технологияи рақамӣ, тақозои такмили пайвастаи низому барномаҳои таълимӣ, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҳисоб меравад.
Хушбахтона, Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ, дар баробари рисолати оинномавии хеш, ба яке аз минбарҳои васеъ ва мусоиди муколамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои Иттиҳод табдил ёфта, зимни чорабиниҳои илмӣ ва нақшавии он байни муассисаҳои таълимии кишварҳо санадҳои гуногуни ҳамкорӣ ба тасвиб мерасанд.
Санаи 24 майи соли равон ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Институти идоракунии президентӣ дар кишварҳои ИДМ» бо ректори Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А.С. Пушкин Григорий Викторович Двас Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид.
Дар маросими тасвиби Ёддошти тафоҳум, инчунин муовини Котиби генералии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ – намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АБП ИДМ Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, сиёсати ҷавонон ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии Ленинград Журавлев Владимир Павлович ва мудири шуъбаи байналмилаии ин донишгоҳ Матвеева Мария Викторовна иштирок доштанд.
Меҳмонон бо шароити таҳсил, синфхонаҳо, озмоишгоҳҳо ва марказҳои таълимию илмии Донишгоҳи давлатии Ленинград аз наздик ошно шуда, дар бораи ин муассисаи таълимии бонуфуз маълумоти муфассал дарёфтанд.
Қобили зикр аст, ки тайи 2 соли охир бо ибтикори бевоситаи ректори Донишгоҳ профессор Раҳмон Д.С. дар доираи тақвият ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ натиҷаҳои чашмгире ба самар омада, бо 16 муассисаи таълимии кишварҳои ИДМ ҳамкориҳои судманд ва борвари илмию таълимӣ ва методологӣ ба роҳ монда шудааст.
Манбаъ: https://lengu.ru/news/vizit-v-lgu-im-as-pushkina-delegatsii-iz-respubliki-tadzhikistan