,
Шанбе, 12-октябр
Имрӯз (24.05.2024) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Кори озмун бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Сафарзода Мунир оғоз гардид. Дар зимн ба иштирокчиён шартҳо ва тартиби муқаррарнамудаи низомномаи озмун шинос карда шуд.
Гуфта шуд, ки мақсад аз баргузории озмун арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи мактаби давлатдории Пешвои миллат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи низомнома озмун дар ду давр: донишгоҳӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. З-ин рӯ ғолибони даври донишгоҳии озмун аз миёни ҳамаи факултетҳои донишгоҳ муайян гардида ба даври ҷумҳуриявӣ пешбарӣ карда мешаванд.