, Якшанбе, 08-декабр

ШОМИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ШОМИ ҶАВОНӢ»

 23.05.2024 303

ШОМИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ШОМИ ҶАВОНӢ»

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар пайравӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи ҳукумати кишвар барои тафреҳи мардум пайваста чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатиро роҳандозӣ менамояд.

Рӯзи 23-юми майи соли ҷорӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб шоми фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «ШОМИ ҶАВОНӢ» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва эълон гардидани 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ҳайати раёсати донишгоҳ, муовинони раиси шаҳри Кӯлоб, кормандони ташкилоту идораҳо ва дигар сокинону меҳмонон иштирок доштанд.

Нахуст Ҳамидиён Орзу зимни сухани ифтитоҳӣ ҳамаи иштирокчиёнро ба маносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва эълон гардидани 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол табрику шодбош гуфта, оид ба мавзуъҳои ватандӯстӣ, сулҳу субот, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ ва дурӣ ҷӯстан аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ибрози андеша намуданд.

Сипас, ба чанд нафар ҷавонони фаъоли шаҳр аз ҷониби Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Сипоснома тақдим гардид.

Дар идомаи чорабинӣ барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ-фароғатии ансамбли “Наво”-и бахши фарҳанги Донишгоҳ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва эълон гардидани 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол бо фарогирии суруду таронаҳои тараннумгари меҳру муҳаббат, ҷавонию ҷавонон, васфи зебоии ин ватани биҳиштосо ва сулҳу дӯстӣ табъи ҳозиринро болида гардонида, ба дилҳо шодиву сурур бахшид.

Мардум дар як фазои орому осуда рақсу бозӣ карданд ва сипоси хешро ба роҳбарияти Донишгоҳ баҳри омода намудани чунин шоми зебо изҳор доштанд.




Ба рӯйхат