, Чоршанбе, 03-июл

РОҲПАЙМОӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ

 23.05.2024 119

РОҲПАЙМОӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ

Субҳи 23.05.2024  дар шаҳри Кӯлоб ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва эълон гардидани 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол роҳпаймоии осоишта бо иштироки аҳли адаб, роҳбарият ва кормандони ташкилоту идораҳо, ҷавонону наврасон, гирандагони стипендияи Президентӣ, варзишгарон, донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид.

Дар роҳпаймоӣ беш аз 1000 нафар устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо барафрохтани парчам ва шиору лавҳаҳои идона таҳти унвони “Пайравони асили Пешвои миллатем”, “Тоҷикистон ба пеш!”, “ Ҷавонон ояндасози миллатанд", "Мо бо Пешвои миллат ифтихор дорем" бо рӯҳияи идона ва садоқат ба марзу бум иштирок намуданд.




Ба рӯйхат