,
Шанбе, 12-октябр
Санаи 22.05.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети иқтисод ва идора конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Ташаккули “Иқтисоди сабз” ҳамчун омили рушди устувори иқтисоди миллӣ” баргузор гардид.
Пеш аз оғози конференсия дар даромадгоҳи бинои маъмурии донишгоҳ иштирокчиён ба намоиши асарҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотии устодону омӯзгорон шинос шуданд.
Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳимзода Ҳисайн, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Бобоев Алимурод, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Тағоев Ҷумъахон ва ҳайати профессорон, устодони донишгоҳҳои мухталифи кишвар ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Ҷаласаи ифтитоҳиро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон оғоз намуда, аз бузургтарин дастовардҳои давлату ҳукумат ва мардуми шарифи тоҷик ёдоварӣ намуда, таъкид доштанд, ки ин ҳама бунёдкориву созандагӣ маҳз бо заҳмату талошҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат ба вуқӯъ пайвастааст.
Сипас, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Раҳимзода Ҳисайн дар мавзуи “Иқтисоди сабз”-и Тоҷикистон: роҳҳои ташаккул ва дурнамои рушд”, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Тағоев Ҷумъахон дар мавзуи “Коркарди маҳсулоти кишоварзӣ: вазъият ва сармоягузорӣ”, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Бобоев Алимурод дар мавзуи “Рушди иқтисоди сабз - омили муҳими татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калони кафедраи менеҷмент ва маркетинг Сафарова Муборак дар мавзуи “Консепсияи иқтисоди сабз: моҳият ва мафҳумҳо” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Маърӯзакунандагон зикр доштанд, ки «Стратегияи рушди «Иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» бо мақсади рушди «Иқтисоди сабз», мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҷалби сармояю технологияҳои каммасраф қабул гардида, дар 15 соли минбаъда мавриди татбиқ қарор мегирад.
Дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди «Иқтисоди сабз» қадамҳои устувор гузошта, бо шарофати энергияи обӣ Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ аз ҷиҳати истеҳсоли неруи барқи тоза ҷои аввалро ишғол менамояд.
Натиҷаи ин аст, ки дар Тоҷикистон таҷдиду сохтмони неругоҳҳои обӣ идома дошта, ба наздикӣ дар кишвар истеҳсоли электромобил, электробус ва электротроллейбус оғоз мегардад, ки идомаи саҳмгузориҳо дар роҳи рушди «Иқтисоди сабз» мебошад.
Дар бахши музокирот декани факултети иқтисод ва идора, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Расулова Лутфия ва номзади илмҳои кимиё, дотсент мудири кафедраи химия ва методикаи таълими он Холиқов Сафар баромад намуданд.
Пас аз ҷамъбасти ҷаласаи ифтитоҳӣ кори конфронс дар ду бахш: “Масъалаҳои экологию энергетикии рушди иқтисоди сабз” ва “Масъалаҳои иқтисодӣ ва рушди устувори иқтисоди сабз” идома ёфт.
Маҷмуаи мақолаҳои илмии конфронс, ки бо дастгирии Раёсати донишгоҳ ба нашр расонида шуд, беш аз 70 мақолаи олимону муҳаққиқонро бобати бахшҳои гуногуни рушди “Иқтисоди сабз”, ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат дар бар мегирад.