, Панҷшанбе, 21-ноябр

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

 21.05.2024 367

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Санаи 21 майи соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети физика ва математика конференсияи илмӣ-назариявии донишгоҳӣ дар мавзуи “Нақши олимони донишгоҳ дар тарбия ва омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ” бахшида ба 60-солагии фаъолияти илмӣ-педагогии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ислом Ғуломов баргузор гардид.

Дар кори конференсия роҳбарияти донишгоҳ, олимону муҳаққиқон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва устодону донишҷӯён иштирок доштанд.

Кори конференсия бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек тариқи фосилавӣ (айни ҳол зимни сафари корӣ берун аз қаламрави кишвар қарор доранд) оғоз гардид. Устод зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки дар ҷомеа ашхоси касбу кори гуногунро вохӯрдан  мумкин аст, ки тамоми неру ва ҳастияшонро ба касби ба зиммадоштаашон бахшида, дар байни халқ обрӯманд гардидаанд. Онҳо муҳаббати худро бевосита ба касби хеш нисор намуда, дар адои вазифа ва барои пок нигоҳ доштани сармояи умр бевосита кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Яке аз чунин шахсони соҳибзавку муътабар, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ислом Ғуломов мебошад, ки зиёда аз 60 соли ҳаёти хешро дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар таълими омӯзгорони оянда ва тарбияи олимони ҷавон сарф намуда, то имрӯз ин пешаро вусъат мебахшад.

Сипас, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон барномаи кори конференсияро ба ҳозирин шинос намуд. Дар идома доктори илмҳои педагогӣ, профессор Изатова Муҳаббат, доктори илмҳои таърих, профессор Абдуллоев Маҳмуд, мудири кафедраи математика ва методикаи таълими он, дотсент Сироҷиддини Давлаталӣ доир ба фаъолият ва осори илмӣ-педагогии профессор Ислом Ғуломов маърӯзаҳои худро ироа намуданд. Ҳамзамон Юсупова Ҳангома- мудири боғчаи 1-и шаҳри Кӯлоб (яке аз пайвандони устод) ба сухан баромада, миннатдории хешро ба раёсати донишгоҳ, ҷиҳати ташкили чунин як ҳамоиш илмӣ ва қадршиносӣ аз олимону муҳаққиқон расонид.

Баромадкунандагон зимни ироаи маърӯзаҳои худ доир ба нақш ва ҷойгоҳи профессор Ғуломов Ислом дар таълиму тарбия ва омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ ибрози андеша, таъкид доштанд, ки ӯ дар суҳбат бо шогирдон ва аҳли ҷомеа худро на ҳамчун олим, профессор, балки ҳамчун як шахси одӣ, муаллим ва тарбиятгар муаррифӣ мекунад. Ислом Ғуломов бевосита роҳнамои ассистентону омӯзгорон ва олимони ҷавон буда, дар фаъолияти касбиаш аз онҳо маслиҳатҳои беғаразонаашро барои пешрафти кори тадқиқотию омӯзгорияшон дареғ намедорад. Дар ҳимояи корҳои илмӣ, ба олимони ҷавон ёрии ҳамаҷониба мерасонад. Даҳҳо китобҳо ва мақолаҳои илмӣ-методии донишҷуёну олимон дар зери таҳрири устод аз нашр баромадаанд. Имрӯз ӯ худро дар ҳалқаи шогирдонаш, ки ҳамроҳаш фаъолият мекунанд, сарбаланд ва хушбахт меҳисобад.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки профессор Ислом Ғуломов дар баробари омӯзгори мушфиқ ва тарбиятгари нотакрор будан, олим ва эҷодкори сермаҳсулу муаллифи даҳҳо асарҳои илмӣ ва мақолаҳои илмӣ-методӣ аст. Бо саъю талоши ӯ чандин китобҳо ба табъ расидаанд, ки дар таълиму тарбияи ҷавонон нақши гаронарзиш доранд. «Масъалаҳои мунтахаби ҳисоббарорӣ» (бо ҳаммуаллифии профессорон Қ.У. Осимов ва Л.М. Фридман) ва «Ҳалли масъалаҳои мантиқӣ», «Математикаро чӣ тавр бояд омӯхт», «Назария ва амалияи ҳисоббарорӣ» (бо ҳаммуаллифии Қ.У. Осимов, ва Л.М. Фридман), «Практикуми ҳалли масъалаҳо аз алгебра» (бо ҳаммуаллифии дотсентон Т. Маҳмудов ва В.П. Пазина), «Алгебра ва ибтидои анализ» китоби дарсӣ барои синфи 10 (бо ҳамкории профессор Р. Акбаров, дотсентон К.Изатуллоев, Т. Маҳмудов ва муаллими калон Ғ.Ҳалимов), «Очерки мухтасари кашфиёти методи муҳокимаронӣ аз n ба n+1», «Саргузаштҳои математикӣ», «Кашшофони математикаи замони Сомониён», «Таърих ва методологияи математика», «Тарбия ва тайёр намудани муаллимони математика дар мактабҳои олии омӯзгории Тоҷикистон дар шароити имрӯза» аз зумраи ин китобҳоянд.

Сипас, нимаи дуюми рӯз кори конфронс дар ду бахш: “Масъалаҳои мубрами илмҳои табиӣ-риёзӣ дар соҳаи  илму маориф” ва “Таърих ва методикаи таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ, навгониҳо дар ин самт” бо шунидани маърӯзаҳои олимону муҳаққиқон идома ёфт.




Ба рӯйхат