, Шанбе, 23-ноябр

ДАСТАИ ОЛИМПИИ ДОНИШГОҲ МИЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ҶОЙИ ДУЮМРО КАСБ КАРД

 20.05.2024 844

ДАСТАИ ОЛИМПИИ ДОНИШГОҲ МИЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ҶОЙИ ДУЮМРО КАСБ КАРД

Таърихи 18 майи соли 2024 дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар баргузор гардид, ки дар он муовини аввали вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷуразода, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, ректорон ва муовинони ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, устодону донишҷӯён иштирок доштанд.

Зимни ифтитоҳи маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон маълумот дода шуд, ки дар олимпиадаи имсола 470 нафар донишҷӯ аз 42 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуда, аз рӯйи 15 фанни таълимӣ бо ҳам сабқат намуданд. Дар натиҷа 47 нафар сазовори ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм гардида, 19 нафар барои иштироки фаъолона сазовори “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм гардиданд.

Хурсандиовар аст, ки дастаи олимпии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо гирифтани 6 ҷойи ифтихорӣ (1 ҷойи аввал, 2 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи сеюм) ва 2 “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм барои иштироки фаъолона миёни дастаҳои олимпии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, дар бахши фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ҷойи дуюмро касб намуд.

Иштирокчиёни дастаи олимпӣ ва роҳбарони онҳо:

#ҶОЙИ_АВВАЛ

  1. Исоева Дилдода Толибҷоновна - донишҷӯи курси 3-юми факултети филологияи хориҷӣ, ихтисоси забони англисӣ- хитоӣ, аз фанни забони англисӣ, зери роҳбарии Яқубов Довуд – ассистенти кафедраи забонҳои хориҷӣ ва методикаи таълими он;

#ҶОЙИ_ДУЮМ

  1. Муродов Муҳаммадҷон Музаффарович - донишҷӯи курси 4-юми факултети таърих ва ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ, аз фанни сиёсатшиносӣ, зери роҳбарии Муродова Гулчеҳра – номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент;
  2. Раҳимов Насим Абдуғаффорович - донишҷӯи курси 2-юми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, ихтисоси идораи давлат ва ҳуқуқ, аз фанни ҳуқуқшиносӣ, зери роҳбарии Мазарипов Манучеҳр – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент;

#ҶОЙИ_СЕЮМ

  1. Саймуртазои Комил - донишҷӯи курси 4-уми факултети химия ва биология, ихтисоси биология-экология, аз фанни биология-экология, зери роҳбарии Исупов Дилшод – номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент;
  2. Мирзозода Насибаи Музаффар-донишҷӯи курси 3-юми факултети иқтисод ва идора, ихтисоси география, аз фанни география, зери роҳбарии Гадоев Шералӣ – номзади илмҳои география, дотсент;
  3. Ярбеков Самандар Нуралиевич - донишҷӯи курси 4-уми факултети филологияи рус, ихтисоси забон ва адабиёти рус. Забон ва адабиёти тоҷик, аз фанни забони русӣ, зери роҳбарии Нурматова Зарина – номзади илмҳои филологӣ, дотсент.

#ИФТИХОРНОМА

  1. Талбов Абубакр - донишҷӯи курси 2-юми факултети филологияи хориҷӣ, ихтисоси забони англисӣ, аз фанни фалсафа, зери роҳбарии Ғаюров Лоиқ – доктор PhD аз рӯи ихтисоси фалсафа;
  2. Мирзозода Шаҳноза Рустамшо - донишҷӯи курси 1-уми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг, ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ бо иловаи забони русӣ, аз фанни педагогикаи умумӣ, зери роҳбарии Ёрматов Алишер – муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими он.

Дастовардҳо муборак бошад!




Ба рӯйхат