, Якшанбе, 22-декабр

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ

 20.05.2024 351

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ

Санаи 20.05.2024 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушоди тарбиявӣ аз ҷониби муаллими калони кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Назарова Хосият дар мавзуи “Нақши китоб дар тарбияи ҷавонони муосир” дар гурӯҳи таълимии 304-и ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ гузаронида шуд.

Зимни баргузории дарс, муаллим Назарова Хосият суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дар ягон давру замон бе китоб ғизои маънавии зиндагии рангинро наметавон тасаввур намуд. Адабиёт, китоб, қалам мафҳумҳоеянд, ки ҳангоми ба забон оварданашон пеши назари ҳар фард як ҷаҳони беканори илму адаб намудор мегардад.

Олимон дуруст қайд кардаанд, ки “Китоб- ихтирои башар, манбаи нуру зиё аст. Он раҳнамои беғаразу хирадгустарест, ки ҳамагонро ба пиндору рафтору кирдори нек хидоят менамояд ва самтҳои гуногуни зиндагиро мунаввар мекунад. Китоб ба инсон чавонмардӣ, шуҷоат, вафодорӣ озодагӣ, нангу номус меомӯзонад. Китоб инсонро ба арзишҳои маънавӣ ороста мегардонад”.

Сипас, донишҷӯёни гурӯҳи мазкур: Раҳмияи Файзимад дар мавзуи “Аз таърихи пайдоиши китоб”, Ғашова Фархунда дар мавзуи “Китоб манбаи илм ва тарбияи инсон” ва Ғафорова Маҳабо дар мавзуи “Китоб воситаи муҳими тарбияи инсон” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби гурӯҳи дигари донишҷӯён порчаҳои шеърӣ ва гуфторҳо дар бораи китоб шунида шуд.




Ба рӯйхат