, Якшанбе, 10-ноябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ "БАРГИ САБЗ"

 20.05.2024 210

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ "БАРГИ САБЗ"

Имрӯз (20.05.2024) дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии "Барги сабз"-и назди кафедраи биология ва методикаи таълими биология баргузор гардид.

Дар маҳфил ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Намозов Амонулло ва роҳбари маҳфил ассистенти кафедраи биология ва методикаи таълими он Ботурова Зулқадамоҳ ва аъзоёни маҳфил иштирок намуданд.

Нахуст, роҳбари маҳфил Ботурова Зулқадамоҳ суханронӣ намуда, маҳфилро оғоз намуданд.

Сипас, донишҷӯёни курси якуми факултет: Исматзода Дилрабо дар мавзуи “Хусусиятҳои шифобахши растаниҳои Тоҷикистон”, Комилова Рафоатхон дар мавзуи “Анор ва ангур-хусусиятҳои шифобахши онҳо”, Нураева Нуринисо дар мавзуи “Алоэи дарахтшакл-ҳамчун маводи доруворӣ дар тиб” ва Шабнами Аҳрор дар мавзуи “Пудина ва хусусиятҳои шифобахшии он” маърӯзаҳои худро ироа намуданд. 

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён, қироати шеърҳо дар бораи растаниҳо аз ҷониби донишҷӯён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат