, Чоршанбе, 03-июл

ҲАШТ ҶОЙИ ИФТИХОРИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ

 18.05.2024 229

ҲАШТ ҶОЙИ ИФТИХОРИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ

Имрӯз, 18 майи соли 2024 зимни маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҳашт ҷойи ифтихорӣ (1 ҷойи якум аз фанни Забони англисӣ; 2 ҷойи дуюм аз фанҳои сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ; 3 ҷойи сеюм аз фанҳои Забон ва адабиёти рус, Биология-экология, География ва 2 Ифтихорнома аз рӯйи фаннҳои педагогика ва фалсафа) насиби донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гардид.

Раёсат ва ҳайати кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дастовардҳои навбатиро ба донишҷӯён ва роҳбарони онҳо табрику шодбош гуфта, ба онҳо барору муваффақиятҳои нав ба навро таманно менамоянд.

Гузориши муфассал баъд аз истиқбол дар донишгоҳ ва қадршиносии онҳо пешниҳод мегардад.




Ба рӯйхат