,
Якшанбе, 22-декабр
Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар ташкилоту идораҳои эҳтиёҷманд бо мутахассисони ҷавон санаи 17.05.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мутобиқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли 2024” тақсимоти хатмкунандагони ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ дар соли таҳсили 2023- 2024 баргузор гардид.
Дар тақсимот сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Садафмоҳ, сардори раёсати таълим – Cаидзода Қурбоналӣ, сардори бахши таҷрибаомӯзи ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ Бобоев Бахтовар, намояндагони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва хатмкунандагон-мутахассисони ҷавон иштирок доштанд.
Дар кори ҷаласаи тақсимот сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Садафмоҳ ва сардори раёсати таълим Саидзода Қурбоналӣ суханронӣ намуда, мутахассисони ҷавонро ба вазифаву ӯҳдадориҳояшон ҷиҳати ба ҷойи кор ҳозиршавӣ аз рӯи роҳхат тибқи талаботи қонунгузории Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илми кишвар шинос намуданд.
Дар охир, доир ба баъзе масъалаҳо дар робита ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкунандагон миёни мутахассисони ҷавон ва намояндаи вазорат саволу ҷавобҳо доир гардид.