, Чоршанбе, 03-июл

БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ГӮШТИНИ МИЛЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲ

 18.05.2024 277

БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ГӮШТИНИ МИЛЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲ

18 май дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети тарбияи ҷисмонӣ ва шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид.

Дар мусобиқа паҳлавонон- донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ иштирок намуда, байни ҳам рақобат намуданд. Фазои мусоиди тороли варзишӣ ва ташрифи зиёди донишҷӯён- мухлисони ин навъи фарҳанги миллӣ раванди мусобиқаро боз ҳам зебову диданӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ туҳфаҳои арзишманд тақдим карда мешавад.




Ба рӯйхат