, Шанбе, 23-ноябр

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

 17.05.2024 705

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

17 майи соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи 4-уми байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” баргузор гардид.

Пеш аз оғози Конференсия истиқболи меҳмонон бо гузоштани гулчанбар дар назди пайкараи “Дасти дуои модар” оғоз гардид. Ҳамчунин дар даромадгоҳи бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб иштирокчиёни Конференсия ба намоиши асарҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотии устодону омӯзгорон шинос шуданд.

Қисми расмии Конференсия дар толори асосии Донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он меҳмонони баландмақом, зери раёсати муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ, Муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат Абдусалом,  ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, Директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Холиқзода Абдураҳим, Раиси шаҳри  Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр иштирок, суханронӣ ва баромад намуданд. Ҳамчунин дар кори Конференсия ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, олимону муҳаққиқон ва коршиносони сиёсӣ аз донишгоҳу донишкадаҳо, Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, кормандони дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва дигар фаъолони ҳизб иштирок доштанд.

Ҳамчунин, аз донишгоҳҳои Федератсияи Россия тариқи фосилавӣ олимону муҳаққиқон бо баромадҳои алоқаманд баромад намуданд. Илова бар ин, намояндаи Сафорати Россия дар Тоҷикистон Тайсаев Куцук Казбекович дар кори Конференися тариқи фосилавӣ иштирок намуд.

Дар қисмати расмии конференсия муовини Сарвазири Ҷумуҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр сухани ифтитоҳӣ намуданд.

Иброз гардид, ки илм поягузори рушди устувор, самаранокӣ дар иқтисодиёту истеҳсолот, пойдорӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва комгорӣ дар сиёсату маънавиёт арзёбӣ мегардад. Дар ҷаҳони муосир собит гардидааст, ки ҳар ҷое амалия ба илм тавъам аст, он ҷо рушд ва пешрафту комёбиҳо назаррас мебошанд.

Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш иброз намудаанд: «Баланд бардоштани маҳорати касбии роҳбарон, истифодаи ҳаматарфаи натиҷаҳои илмию таҳқиқотӣ дар раванди истеҳсолот, васеъ намудани фаъолияти инноватсионӣ, ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ, пайвастагии илм ва истеҳсолот ва дигар чораҳо муҳим мебошанд».

Ҷалби олимону муҳақиқон ба коркарди илмии татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ имкон медиҳад, ки нишондиҳандаҳои муайяншуда сари вақт, суроғавӣ, пурмаҳсул ва устувор дастёб гарданд; мактаби илмии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташаккул ёфта, кадрҳои болаёқат аз лиҳози идеологӣ омодагашта ба таҳкими иқтидори илмии мактаби сиёсии Пешвои миллат ба роҳ монда шуда, механизмҳои муосири рушди устувори асосҳои институтсионалии мамлакат ташаккул дода мешаванд.

Зимнан, бо мақолаҳои таҳлилию илмӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло, Директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиён Маҳмадовуд,  Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ Раҳмон Дилшод  Сафарбек, роҳбари дирексияи барномаҳои таҳсилоти иловагии Донишгоҳи давлатии иҷтимоии Россия Саломатин Александ Василевич (тариқи фосилавӣ), досенти кафедраи сиёсатшиносии муқоисавии Донишгоҳи давлатии Москва Популях Даниил Сергеевич ва омӯзгори муассисаи таълимии Россия-Тоҷикистон Прокопенко Мария Николаевна баромад намуданд.

Баромадкунадагон зимни ироаи маърӯзаҳои илмӣ таъкид доштанд, ки дар саҳифаҳои таърихи давлатдории миллӣ санаҳои пурарзиш ва сабақомӯзе ҳастанд, ки аз ояндаи нек башорат медиҳанд ва мардумро ба амалӣ намудани ташаббусҳои шоиставу ифтихорӣ ҳидоят менамоянд.

Маҳз ҳамин садоқату ифтихор заминаи устувори марҳилаи рушду пешрафт ва таъмини таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ арзёбӣ гардида, дар саргаҳи амалӣ намудани ҳадафҳои созанда  ташаббусҳои сатҳи баланд ва шоистаи таҳсини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши меҳварӣ доранд.        

Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки дар заминаи мақсаду аҳдофи сиёсии оинномавӣ фаъолияти худро шарафмандона амалӣ намуда истодааст, ҷиҳати мусоидат ба таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, рушди самтҳои муҳими иқтисодиёту иҷтимоиёт, маорифу фарҳанг, тандурустӣ  ва тарғиби афкори миллии иҷтимоӣ корҳои назаррасро анҷом дода истодааст.        

Дар ин марҳилаи пурмаҳсул аъзо ва ҷонибдорони ин ҳизби пешсаф зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” садоқати худро ба арзишҳои умумимиллӣ, соҳибихтиёрӣ ва рушди минбаъдаи давлатдорӣ равона намуда, бо мақсади муҳайё намудани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ  фаъолияти назарраси худро дар тамоми самтҳои муҳими хоҷагии халқи кишвар таҳким бахшида истодаанд.     

Бо мақсади таҳким бахшидани рукнҳои илмӣ-назариявии фаъолият ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун мактаби сиёсӣ, ҳамзамон дастовардҳои сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи 30-соли Истиқлолияти давлатӣ  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мунтазам Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат” баргузор карда мешавад.

Маълумот дода шуд, ки Конференсияи мазкур маротибаи чорум аст, ки бо мақсади таҳким бахшидани рукнҳои илмӣ-амалии фаъолият ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун мактаби сиёсӣ, ҳамзамон дастовардҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун идомаи мантиқии конференсияҳои гузашта баргузор мегардад. Ин Конференсияи илмӣ соли 2020 дар ш. Бохтар (дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Бохтар) бо иштирок 50 олимону муҳаққиқон ва 6 октябри соли 2021 дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Данғара дар ноҳияи Данғара бо иштироки 150 нафар олимону муҳаққиқон ва 24 июни соли 2022 дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи Энергетикии Тоҷикистон бо иштироки 67 нафар олимону муҳаққиқони донишгоҳҳо ва донишкадаҳо, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавии ҷумҳурӣ баргузор шуд.

Конференсияи имрӯза (17.05.2024) дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шакли мустақим ва фосилавӣ (онлайн) доир гардид, ки дар он 140 нафар олимон, муҳаққиқон, ходимони сиёсӣ аз мактабҳои олии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Данғара ва хориҷи кишвар аз ҷумла аз Федератсияи Россия ва дар он 140 мақолаи илмӣ мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода мешавад.

Дар анҷоми қисми пленарии конфронс ба як қатор фаъолон ва олимону муҳаққиқон сипоснома супорида шуд.

Кори конференси қисмати 2-юми рӯз дар панҷ бахш: «Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ»,  «Иқтисодиёт ва энергетика», «Ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ», «Маориф ва Илм», «Кишоварзӣ ва саноатикунонӣ»  идома меёбад.




Ба рӯйхат