,
Ҷумъа, 27-декабр
Санаи 16.05.2024 дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи адабиёти хориҷӣ бо МТЗАР конфронси имӣ-назариявӣ дар мавзуи «Робитаҳои адабии шарқ ва ғарб» дар доираи амалӣ намудани “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баргузор гардид.
Дар конфронс муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарифзода Одинамо, мудири кафедраи адабиёти хориҷӣ бо МТЗАР, номзади илмҳои филологӣ Ғуломова Садбарг, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Раҳимова Савронбӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Бобоқулов Ҷумахон, мудири кафедраи забони муосири рус, номзади илмҳои филологӣ Нурматова Зарина ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст, мудири кафедраи адабиёти хориҷӣ бо МТЗАР Ғуломова Садбарг суханронӣ намуда, конфронсро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, декани факултет, дотсент Шарифзода Одинамо дар мавзуи “Луғатшиносӣ ва алоқаи он бо дигар фанҳои тадрисшаванда”, дотсент Шарофат Худойдодова дар мавзуи “Пушкин- мунақид ва публисист”, дотсент Бобоқулов Ҷумахон дар мавзуи “Аз таърихи робитаҳои адабиёти форсу-тоҷик бо адабиёти рус”, дотсент Раҳимова Савронбӣ дар мавзуи “Тарҷумаи асарҳои Шолохов ба забони тоҷикӣ” ва муаллими калони кафедраи адабиёти хориҷӣ бо МТЗАР Ҳалимова Мавҷуда дар мавзуи “Хусусиятҳои тарҷумаи шеъри “Школник”-и Н.А. Некрасов ба забони тоҷикӣ” баромад карданд.
Кори конфронс бо мубодилаи афкор миёни устодон ва донишҷӯён ба охир расид.