,
Душанбе, 14-октябр
Имрӯз (15.05.2024) Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун муассисаи пешбар кори илмии унвонҷӯйи кафедраи физикаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур-Раҳимов Суҳроб Тошмаҳматовичро дар мавзуи "Таъсири хокаҳои магнитӣ ба тағйирёбии зичӣ, часпакӣ ва электрогузаронии этинленгликол-45 вобаста ба ҳарорат дар фишори атмосферӣ", зери роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, профессор, академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сафаров Маҳмадали Маҳмадиевич, таҳия гардидааст, дар кафедраи физикаи умумӣ ва назариявии Донишгоҳ муҳокима намуд.
Дар муҳокимаи рисола кормандони раёсати илм ва инноватсия, ҳайати устодону омӯзгорони кафедраи физикаи умумӣ ва назариявии Донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар зимн Акрамова Рухшона - номзади илмҳои физика ва математика, дотсент, мудири кафедра, Ғафоров Саттор - номзади илмҳои физика ва математика, дотсент, Тошматов Абдунабӣ - номзади илмҳои физика ва математика, дотсент баромад намуда, фикру мулоҳизаҳояшонро доир ба паҳлуҳои кор баён намуданд.