,
Ҷумъа, 27-декабр
Дар пайравӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати афзудани ҳисси хештаншиносӣ ва бедор намудани эҳсоси ватандӯстӣ дар замири насли наврас санаи 14.05.2024 бо ташаббуси кӯдакистони “Ситора”-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ тарбиятгирандангони кӯдакистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо аз осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб дидан намуданд.
Ҳангоми боздид кӯдакон аз осори ниёгон, бозёфтҳои куҳани ҳунарҳои миллӣ, амсоли кулолгарӣ, заргарӣ, дуредгарӣ, таърихи ниёгон ва ғайраҳо шиносоӣ пайдо намуданд.
Воқеан ҳам, чунин иқдом дар замони ҷаҳонишавӣ бисёр ҳам муҳим буда, боздид аз лавҳаҳо ва ёдгориҳои таърихӣ ба кас ғизои маънавӣ дода, барои баланд гаштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ замина мегузорад. Ҷалби наврасону тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ низ дар ин макони фарҳангӣ аз аҳамияти бузург бархурдор буда, заминаи мусоидро ҷиҳати тарбияи ватандустии онҳо фароҳам хоҳад овард.
Гуфта шуд, ки иқдоми мазкур аз ҷониби кормандони кӯдакистони донишгоҳ идома дода мешавад ва дигар гурӯҳҳои тарбиятгирандагон низ тибқи нақша аз осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб дидан менамоянд.