, Чоршанбе, 03-июл

ИСТИҚБОЛИ ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ ОСИЁ ОИД БА БОКС!

 13.05.2024 126

ИСТИҚБОЛИ ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ ОСИЁ ОИД БА БОКС!

Имрӯз (13.05.2024) дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб муовини ректор оид ба корҳои тарбияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ- Сафарзода Мунир, декани факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии донишгоҳ- Наврӯз Носирӣ, устодону донишҷӯён, хешовандону наздикон ва ҳайати мураббиёну варзишгарон ва комарндони мактабҳои варзишии шаҳр ва минтақаи Кӯлоб ҷоизадори мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон- Абубакр Муродзодаро истиқбол гирифтанд.

Тавре иттилоъ дода будем, Абубакр Муродзода-донишҷӯи курси 4-уми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни наврасону ҷавонон, ки дар шаҳри Останаи Ҷумҳурии Қазоқистон (25.04.2024-7.05.2024) баргузор гардида буд, сазовори ҷойи сеюм ва соҳиби медали биринҷӣ шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни наврасону ҷавонон, ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардид, 7 медал (3 нишони нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба иттилои Созмони бокси Осиё, дар мусобиқа миёни наврасону ҷавонони то 22-сола 397 варзишгар (130 зан ва 267 мард) аз 25 кишвари қора ширкат карданд.

Раёсати донишгоҳ Абубакр Муродзодаро барои ин музаффарият самимона табрик гуфта, дар корҳои минбаъдааш барор мехоҳад.




Ба рӯйхат