, Панҷшанбе, 21-ноябр

ДАСТОВАРДИ ВАРЗИШӢ

 11.05.2024 250

ДАСТОВАРДИ ВАРЗИШӢ

Абубакр Муродзода-донишҷӯи курси 4-уми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нишони биринҷии  мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиёро миёни наврасону ҷавонон дар вазни (-60 кг) соҳиб шуд.

Муборак бошад!

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни наврасону ҷавонон, ки аз 25-уми апрел то 7-уми май дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардид, 7 медал (3 нишони нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба иттилои Созмони бокси Осиё, дар мусобиқа миёни наврасону ҷавонони то 22-сола 397 варзишгар (130 зан ва 267 мард) аз 25 кишвари қора ширкат карданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи қитъавӣ 22 варзишгар - 11 наврас ва 11 ҷавон – ташкил медод.

Дар мусобиқаи наврасони то 18-сола муштзанҳои мо ду медали нуқра, Муинхоҷа Муъминов дар вазни то 48 кило ва Руслан Ғафуров дар вазни то 63,5 кило сарфароз гаштанд. Дамир Мубайлихонов дар вазни то 57 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Дар мусобиқаи ҷавонони то 22-сола варзишгарони тоҷик як медали нуқра ва ду нишони биринҷӣ ба даст оварданд. Довуд Маҳкамов (-71 кг) медали нуқра, Хусравхон Раҳимов (-57 кг), Абубакр Муродзода (-60 кг), инчунин Фотима Бегмуродова (-54 кг) дар миёни духтарон бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.




Ба рӯйхат