, Якшанбе, 10-ноябр

ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!

 07.05.2024 706

ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!

Либоси миллӣ яке аз рукнҳои фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст. Таърих гувоҳ аст, ки зан -модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори ойину анъанаҳои муқаддаси миллат буд, инчунин, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Ба хотири ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ ва тарғиби либоси миллӣ имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ аксияи “Тоҷикона мепӯшем” баргузор гардида истодааст. Дар ин миён бонувону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз фарҳангу тамаддуни оламшумули хеш, либоси атласу адрас ва чаканро ба бар намуда, дар аксияи “Тоҷикона мепӯшем” фаъолона ширкат варзиданд.

Аксияи мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, тарбия намудани донишҷуён, инчунин, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона ҷиҳати муаррифии либоси атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллӣ роҳандозӣ гардид.

Дар ин рӯз, омӯзгоронзанон ва донишҷӯдухтарони Донишгоҳ бо либосҳои миллӣ дар саҳни Донишгоҳ ба сайру гашт баромада, либосҳои миллии тоҷиконаро муаррифӣ намуданд.

Либоси миллӣ чун рукне аз фарҳанги миллӣ ва ёдгор аз гузаштагон  дар тамоми марҳилаҳо муaррификунaндa вa бaёнгaри фaрҳaнги миллии хaлқи тоҷик мaҳсуб ёфтa, бо шaрофaти сиёсaти хирaдмaндонa, тaбъу зaвқи бaлaнд, ояндaнигaрии пояндa вa меҳaнпaрaстии беҳaмтои Пешвои  маҳбуби миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон дaр aрсaи ҷaҳонӣ муaррифӣ гaрдидa истодaaст.




Ба рӯйхат