,
Сешанбе, 10-декабр
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар заминаи ҳамкориҳои мутақобилаи судманд бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дарси лексионии Хоҷаев Давлатбек-доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорону донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи донишгоҳ баргузор гардид.
Машғулиятҳои дарсӣ аз ҷониби профессор Хоҷаев Давлатбек муддати 3 рӯз, аз 02.05.2024 то 04.05.2024, дар гурӯҳҳои ихтисоси Забон ва адабиёти тоҷик дар робита ба масъалаҳои наҳви забони тоҷикӣ идома ёфт.
Устод зимни баргузории дарсҳо масъалаҳои назариявиро перомуни наҳви забони тоҷикӣ ва масоили марбут ба он мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, маълумоти васеи илмӣ-назариявиро ба ҳозирин пешкаш намуд.
Устодону донишҷӯёни факултет низ бо иштирок дар дарсҳои устод заминаи донишҳои худро дар робита ба синтаксиси забони тоҷикӣ мустаҳкам намуда, зимни таҳлили масъалаҳои баррасишаванда бо пешниҳоди саволу пурсишномаҳо иштироки фаъолона намуданд.