,
Шанбе, 23-ноябр
Санаи 3-юми майи соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Инъикоси ғояҳои ватандӯстӣ, таърихшиносӣ ва ҳувияти миллӣ дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ» (бахшида ба гиромидошти хотираи неки Зафар Мирзоён) баргузор гардид.
Дар конфронс ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовинони ректор, муовини раиси шаҳр Орзу Ҳамидиён, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуқодир Раҳим, номзади илмҳои филологӣ, омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳмон Ҳафиз, Давлатбек Хоҷаев-профессор аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, раиси Шурои ҷанговарони башардӯсти минтақаи Кӯлоб Бахтиёр Раҳмонов, таърихшинос Саид Амири Мункӣ, меҳмонон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳр ва ҷумҳурӣ ва ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Ҳайати иштирокчиёни конференсия аввалан дар даромадгоҳи бинои маъмурии донишгоҳ аз намоиши асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос шуданд. Ҳамчунин дар ин ҳангом рӯнамоии китобҳои устоди зиндаёд Зафар Мирзоён- “Бозётфҳо аз Шоҳнома” ва “Се шикасти ориёӣ”, ки бо ибтикори раёсати донишгоҳ маротибаи 2-юм ба нашар расонида шуд, сурат гирифт.
Кори конфронс бо сухани ровии он дотсент Шарофат Худойдодова, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва тамошои лавҳаи “Фурӯғи наҷми Ховар” бахшида ба гиромидошти хотираи неки профессори фахрии донишгоҳ- Зафар Мирзоён оғоз гардид.
Дар идома ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, ташрифи ҳайати устодону донишмандон ва меҳмонони гиромиро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфт. Зимнан ташкилу баргузории ҳамоишҳои фарҳангиву адабиро самараи сулҳу ваҳдати комили кишвар арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки соҳибистиқлолӣ ва сулҳу суботи сартосарӣ дар кишвар заминаи мусоидро ҷиҳати эҳёи арзишҳои милливу фарҳангӣ ва рӯ овардан ба асолати гузашта фароҳам овард. Дар ин марҳила миллати тамаддунофари тоҷик бо раҳнамоиву хирадгустарии Пешвои маҳбубу хирадгустари худ- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорчӯби давлати миллӣ ба раванди бозшиносии арзишҳои миллии худ оғоз намуд. Дар ин миён арҷгузорӣ ба чеҳраҳои фарҳангӣ ва адибони номвару саршинос ҷузъи сиёсати фарҳангии давлату ҳукумати кишвар гардид.
Хурсандиовар аст, ки дар тамоми марҳилаҳои таърихӣ дар миёни мардуми шарафманди тоҷик шахсиятҳое буданд, ки асолати миллии худро ҳифз намуда, рисолати фарҳангиву таърихиашонро ҳамчун зиёии миллӣ аз ёд набурдаанд. Зафар Мирзоён донишманди номвар аз ҷумлаи шахсиятҳои мазкур аст. Ӯ бо дониш ва маърифати баланди худогоҳиву меҳандӯстӣ ва талошҳои пайгирона бори сангини зиёии миллӣ буданро ба дӯш гирифта, бо заҳматҳои бисёр бузургаш барои ҳамагон нишон дод, ки пайванди ин миллат бо гузаштаи худ ва бо фарҳанги асилаш ҳанӯз боқист. Дар ин баробари шиори ҳамешагии зиндагии устод Зафар Мирзоён ҷуз аз меҳрпайвандӣ ба инсоният ва хидмат ба халқу Ватан чизи дигар набуд.
Инчунин тибқи барномаи конфронс муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, Ҳақназар Ғоиб-Шоири халқии Тоҷикистон, Абдулҳамид Самад- Нависандаи халқии Тоҷикистон, Давлатбек Хоҷаев-профессори ДМТ, Абдуқодир Раҳим- узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Раҳмон Ҳафиз- н.и.ф., омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Ашурова Нодира- доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Бахтиёр Раҳмонов- раиси Шурои ҷанговарони башардӯсти минтақаи Кӯлоб баромад намуда, аз нақш ва ҷойгоҳи устод Зафар Мирзоён дар рушд ва таҳкими фарҳанги миллӣ ва таблиғи ғояҳои ватандӯстӣ миёни ҷомеа ёдовар шуданд. Ҳамчунин дар бахши музокира таърихшинос Саид Амири Мункӣ, дотсент Холиқов Сафар дар бораи лаҳзаҳо ва хотироти нек аз устод Зафар Мирзоён суханронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳо баромадкунандагон таъкид доштанд, ки Зафар Мирзоён шахси донишманд, хоксор ва фурӯтан буд. Ҳар донишманд, ҳар инсони накукорро эҳтиром мекарду арҷ мегузошт.
Аз таърих ва адабиёти гузаштаи мо ва ҷаҳон огоҳии комил дошт. Ҳаргиз андешаи нафареро, ки бо ӯ баҳс мекард, рад наменамуд. Дар ин маврид андешаи худро иброз медошт, то мубоҳису мусоҳиб дар қиёс ва баррасӣ бартариву моҳияти якеро бипазирад.
Донандаи хуби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ буд ва моҳияту мавқеи онро барои шинохти миллату тамаддуну расму оинҳо ба дигарон мегуфту менавишт. Маҳфили «Шоҳномахонӣ»-ро дар шаҳри Кӯлоб таъсис дода буд. Ба ин васила дар тарбияи ватандӯстӣ, боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ, шинохти шахсияту истеъдоди муаллифи асари ҷовидонӣ ва эътирофшудаи ҷаҳон саҳми чашмрас мегирифт.
Кори конференсия қисми дуюми рӯз дар ду бахш: “Шоҳномапажуҳ ва донишманди маъруф” ва “Зафар Мирзоён, дар хотираи дӯстон ва шогирдон” бо шунида шудани мақолаҳои олимону донишмандон идома ёфт.