,
Ҷумъа, 08-ноябр
Имрӯз (02.05.2024) дар китобхонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Биё, Ҳамадон шавем!” бо иштироки мудири китобхона Иброҳимов Бобоҷон, роҳбари маҳфил Ғаффори Мурод ва дигар омӯзгорону аъзоёни маҳфил баргузор гардид.
Нахуст, мудири китобхона - Иброҳимов Бобоҷон баромад намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшиданд. Сипас, роҳбари маҳфил Ғаффори Мурод ҳозиринро бо барнома ва мавзуъҳои баррасишавандаи маҳфил шинос намуданд.
Баъдан, донишҷӯёни курси якуми факултети филологияи тоҷик ва журналистика Мафтунаи Сафархон дар мавзуи “Мафҳуми гендер ва хусусиятҳои он” ва Ғуломализода Фарида дар мавзуи “Симои зан-модар дар ашъори Лоиқ Шералӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар бахши дуюми маҳфил “Викторинаи фаннӣ” баргузор гашт, ки саволҳои викторина самтҳои гуногуни фаъолияти ҳаррӯзаи ҷомеаро дар бар мегирад ва масъалаҳои мубрами рӯзро баррасӣ менамояд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва музокироти устодону донишҷӯён бо маърӯзачиён бобати мавзуъҳои баромадшуда ба анҷом расид.