,
Якшанбе, 22-декабр
Санаи 30.04.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳошияи баргузории ҷаласаи Шурои олимон бо ибтикор ва дастгирии раёсати Донишгоҳ ғолибони мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ бо “Ифтихонома” ва мукофоти пулӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 5 нафар донишҷӯёни донишгоҳ дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Аз ҷумла, Дилнозаи Ҳикматулло - донишҷӯи курси 2-юми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар шаҳри Андиҷони Ҷумҳурии Узбекистон дар чемпионати кушоди “ТАЭКВАНДО-WTI” иштирок намуда, дар вазни 49кг сазовари ҷойи аввал ва соҳиби медали тилло гардид.
Мирмадиев Абдуқаюм - донишҷӯи курси 2-юми факултети молиявию иқтисодӣ низ дар ҳамин чемпионат, дар вазни 54кг сазовари ҷойи сеюм ва соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Инчунин бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини “Самбо” миёни ҷавонон баргузор гардид, ки дар ин мусобиқа се донишҷӯ аз факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ иштирок намуда, ғолибият ба даст оварданд:
Қурбонов Эмомалӣ – донишҷӯи курси якум дар вазни 53кг сазовори ҷойи якум ва бо диплому медали тилло сарфароз гардонида шуд.
Мирзоев Умар – донишҷӯи курси сеюм дар вазни 63кг сазовори ҷойи якум ва бо диплому медали тилло сарфароз гардонида шуд.
Қурбонов Абдулло – донишҷӯи курси якум дар вазни 71кг сазовори ҷойи якум ва бо диплому медали тилло сарфароз гардонида шуд.