,
Якшанбе, 22-декабр
Санаи 30.04.2024 дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили бостоншиноси ҷавон баргузор гардид.
Дар маҳфил мудири кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих, номзади илмҳои таърих Холмуродзода Меҳрафрӯз, муаллими калони кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих, Сайдалиев Рустам, роҳбари маҳфили мазкур Лалбеков Собирҷон ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст, роҳбари маҳфил Лалбеков Собирҷон маҳфилро оғоз намуда, оид ба мавзӯҳои баррасишавандаи маҳфили имрӯза ба ҳозирин маълумот доданд.
Сипас, Гулҷамоли Ҳаким, донишҷӯи курси сеюм дар мавзуи "Энеолит ва асри биринҷ дар минтақаҳои Осиёи миёна", Адолати Ёқуб, донишҷӯи курси сеюм дар мавзуи "Бобулистони Қадим" маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб миёни омӯзгорону донишҷӯён ба охир расид.